Ташаккур!
Salmon
Ассалому алайкум ва раҳматауллоҳ. Аз Шумо хоҳиш дорам ба саволи 266 возеҳтар ҷавоб гӯед:
Падарарусам дашномро дар ҳолати мастӣ гуфтааст. То имрӯз ман бо ӯ суҳбат накардаам, завҷаам мегуяд, ки ман бояд аз ӯ узрхоҳи кунам!? ман бошад рад кардам оё инчо ҳукми кина аст? ман нияти кина на балки ҳамчун муртад рафтор карда истодаам.
Ман ба назди Масҷиди ҷомеъи Панҷшанбе назди шахси масъул рафтам онҷо фатвои дигар доданд: Дар ҳолати рав берун шав гуфтанам 1-талоқи раҷъи содир шуд ва боқи гуфтаҳо бевазн аст ва барои барқарор кардани никоҳ гуфтани Раҷаъту ъалайка"-кифоя аст ва
ман аз руи ин фатво хуфтухобро идома дорам. Ба шумораи умуми ин савуммин бор аст,ки мо риҷъат кардаем. Агар ин севумин бошад ҳукм чист?
Никоҳ кардан бо шоҳидон воҷиб аст ё алфози раҷъӣ кофист!
Пешниҳоде дорам: тариқи телефон низ суолҳо қабул карда шаванд зеро на ҳамагон дастраси ба интернет доранд.
Худованд бар шумо ҷазои хайр бидиҳад.
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ! Дар ҳар ҳоле ки гуфта бошад, бояд тавба намуда исломи худро дуруст намояд. Гуноҳ аз ҷониби падарарусат содир шудааст шумо барои чӣ аз ӯ маъзарат мехоҳед, худи ӯ бояд ба сабаби ин гуфтаҳояш аз Худованд ва аз шумо маъзаратхоҳӣ намояд. Аммо дар мавриди суолатон, ки ба шумо гуфтаад талоқи раҷъӣ мешавад ин сухан хато ва нодуруст аст, зеро он суханҳое, ки шумо дар мавриди ҳамсаратон истифода намудед лафзҳои киноя мебошанд, ва бо гуфтани ин алфоз агар нияти талоқ дошта бошӣ талоқи боин мешавад, ниёз ба таҷдиди никоҳ дорад на талоқи раҷъӣ. Аммо чунине, ки шумо гуфтет ин саввумин бор аст, ки шумо ин корро такрор мекунед ва руҷӯъ мекунед, ҳамсари шумо се талоқа шудааст ва никоҳи шумо бо ӯ дигар дуруст нест, то замоне, ки ӯ шавҳари дигар намояд ва бо ӯ ҳамхобагӣ кунад,баъдан агар ӯро талоқ бидиҳад онгоҳ никоҳи шумо бо ӯ дуруст мешавад
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев