Предыдущая публикация
Ин барнома ҳафтае як бор, рӯзҳои сешанбе, дар шабакаи Youtube нашр мешавад, ки бештари мухлисони барнома аз ҳисоби адабиётдӯстон ташкил ёфтаанд. Муаллиф ва гардонандаи барномаи мазкур рӯзноманигори мустақил Далер Шариф мебошад, ки то соли 2012 бо пешбарии ток-шоуи “Муошират” ва барномаи “Қатрае аз баҳр” дар телевизиони “Сафина” маъруф буд.
Ҳафтае қабл нашри 50-уми барномаи “Китобхон” пешниҳоди бинандагон гардид, ки тавонист барои мо баҳонаи суҳбат бошад. Далер дар мавриди барномаи “Китобхон”, мушкилоти пушти экран ва нақшаҳои ояндаи худ дар ин мусоҳиба қисса намуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев