Ӯ фаъолияти эҷодии худро аз солҳои 60-уми асри гузашта оғоз намуда, то имрӯз барои рушди забон ва адабиёти тоҷик, ҳамчунин баҳри ғанӣ гардонидани он нақши муассир гузоштааст. Беҳтарин асаре, ки мавсуф ҷамъоварӣ намудааст, "Гулдастаи Самарқанд" мебошад, ки онро ба "Намунаи адабиёти тоҷик"-и устод Садриддин Айнӣ ташбеҳ медиҳанд. Аслиддин Қамарзода ҳамчун олими тоҷиктабор барои ҳифз ва ривоҷи забонӣ тоҷикӣ натанҳо дар кӯҳаншаҳри Самарқанд, балки тамоми Ӯзбекистон ҳиссаи бузург дорад. Имрӯз якчанд китобу маҷмӯаҳои ӯ дар мактабҳои миёнаву олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешаванд. Мо бо ӯ перомуни вазъи забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, рушди муносибатҳои илмиву фарҳангии ду кишвар ва таассуроти ӯ аз сафарҳои ахираш ба Тоҷикистон суҳбат намуде
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев