Оё зи мо ҳастӣ ризо, моҳи муборак ал-видоъ
Кардӣ ту чун азми сафар, моро намудӣ хунҷигар
Эй ҳамдами шому саҳар, моҳи муборак ал-видоъ
Эй маъдани ҷуду сахо, эй ҳоҷати ҳар бенаво
Буд аз ту тарвиҷи дуо, моҳи муборак ал-видоъ
Рафтӣ ту, эй моҳи азиз, кардӣ муҳиббон ашкрез
Эй ёри рӯзи растахез, моҳи муборак ал-видоъ
Ганҷинаи ирфон туӣ, равнақдеҳи Қуръон туӣ
Сарчашмаи имон туӣ, моҳи муборак ал-видоъ
Зинатдеҳи ҳар маҳфилӣ, ту нури чашми ҳар дилӣ
Ту ёвари ҳар соилӣ, моҳи муборак ал-видоъ
Ҳар кас, ки хоҳони ту аст, нолон зи ҳиҷрони ту аст
Дар фикри даврони ту аст, моҳи муборак ал-видоъ
Эй моҳи бо иззу ҷалол, мақсуди ҳайи ло язол
Моро накун афсурдаҳол, моҳи муборак ал-видоъ
Мо ошиқи номи туем, мо ташнаи ҷоми туем
Моил ба икроми туем, моҳи муборак ал-видоъ
Гаштӣ ниҳон аз ҳар назар, кӯ умр то соли дигар
Бинем рӯят чун қамар, моҳи муборак ал-видоъ
Эй мояи умеди мо, эй шоҳиди рӯзи ҷазо
Дарди муҳиббон кун даво, моҳи муборак ал-видоъ


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев