💐 Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
🌷 Салом, хоҳарону бародарони арҷманд!
🌸 Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт
🌸 Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт
🦋 Иди саъиди Фитр бар ҳамаи мусулмонон ва ба хусус шумо ҳамроҳони гиромӣ муборак бод!
🌺🍃🌷 Дар ин рӯзи иду шукуҳи бандагӣ аз Худои меҳрубон мехоҳем, ки поёни моҳи шарифи Рамазонро лаҳзаи омурзиши ҳамаи гуноҳони мо бигардонад ва то поёни умр аз раҳмату мағфират ва баракату каромати худаш ва беҳтарин тақдиру сарнавишт бархурдор намояд.
🤲 Парвардигоро, моро ёрӣ кун то бинову басир гардем ва аз масир барнагардем
🤲 Худоё, кинаҳоро аз синаҳо бизудой ва забонамонро дурӣ аз дурӯғу туҳмат роҳ бинамой!
🤲 Илоҳӣ, агар неъматамон додӣ, шокирамон гардон ва агар ба бало афкандӣ собирамон гардон ва аз озмунҳо солимамон бираҳон ва ба саодату саломат бирасон!
🤲 Парвардигоро, тоату ибодат ва зикру тиловати меҳмононат дар моҳи зиёфати беназиратро тушаи умр ва аниси қабр ва ёвари ҳашрашон гардон!
🤲 Худоё, гузаштагону ҳақдорони ба гардани мо аз ҳазрати Одам то ҳазрати Хотам ва то ин дам ба хусус падарону модарони ба диёри боқӣ шитофта ва ба ҳақ пайвастаро аз раҳмату мағфират ва ризвони худат бархурдор гардон!
🤲 Илоҳӣ, ҳамаи мӯъминону мусулмонон ва дилҳои омодаи пазириши ҳидоятро аз нусрату раҳмат ва ҳимояту ҳидояти худат баҳраманд ва ба умру илму амал ва ҳастии мо баракат ато намо ва ҳақ ва аҳли онро пирӯз ва ботил ва аҳли онро ноком гардон!
🤲 Худоё, баҳори умри одамӣ охирин захира ва ҳуҷҷататро зоҳир ва ҳозир гардон ва бо адлу дод аз зулму ҷавр бандагонатро бираҳон ва золимону мустакбиронро ба сазои амалашон бирасон!
🤲 Парвардигоро, беморонро шифо, зиндониёну гирифторони мӯъмин ва мазлумро раҳо ва солеҳонро ҳоҷатраво гардон ва ғарибону мусофиронро солим ба диёр ва назди азизонашон бирасон!
🤲 Илоҳӣ, ончи ба хубонат ато кардаӣ ба мо марҳамат намо ва оқибати кори моро хайр гардон!
Ба баракати тиловати сураи Фотиҳа ва салавот бар ҳазрати Муҳаммад ва Оли Муҳаммад!
🤲 Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
🙏 Илтимоси дуо!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев