Воқеан, ваҳшонияти созмони террористии Давлати исломӣ (ДИИШ) ҷаҳонро ба таҳлука андохт. Тамоми кишварҳои ҷаҳон аз пайдоиши ин созмони тундрав нигарон буда, ҳар гуна роҳҳои муборизаро пеша намудаанд. Аз тамоми минтақаи ҷаҳон хурду бузург, зану мард ба ин созмони террористӣ шомил гашта, барои кишвари худ мояи хатар гаштаанд. Таркишҳои охирин дар қитъаи аврупо аз ҷониби маҳз ҳамин ташкилот ба анҷом расонида шуд.
Ширкати ҷавонони тоҷик дар ин даргириҳо аз рӯйхат берун нест. Тоҷикистон чун дигар кишварҳо пайваста дар пайи талоши он аст, ки ин созмони тундгаро несту нобуд карда шавад.
Таърихи омӯзиши созмонҳои террористи чун «Ал-Қоида» ва «ДИИШ» бори дигар собит менамояд, ки онҳо Ватан, дин ва мазҳаб надоранд. Ин гуна террорист танҳо як ҳадаф дорад, ки ба хотири дастёбӣ ба вазифаҳои дуррасии геостратегӣ ва геополитикии «бародарони» худ ҳама чизро қурбони он мақсадҳо намояд.
Чанд сол қабл дар расонаҳои хабарӣ баҳси миёни раиси собиқ ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ, ки он замон фаъолияти қонунӣ дошт ва намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон хеле расонаӣ гардид. Он замон кормандони ин ниҳоди илмӣ иддао доштанд, ки хатари ташкилоти террористӣ - эктсремистии ТТЭ ҲНИ аз ДИИШ-у «Ал-Қоида» кам дидан хатост.
Аммо, дар он замон ба ин андешаҳои кормандони Академияи илмҳои кишвар кам касон бовар мекарданд. Вале, ҳодисаҳои 04-уми сентябри соли 2015, аз дуруст будани ин ақидаҳо далолат мекард. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд. Ҳангоми ин амали ҷинояткорона 4 - нафар кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, 4 нафар кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дар баробари ин дигар афсарони баланд рутба ба ҳалокат расиданд.
Бо ин ҳама бадкирдориҳо нақшаҳои ин созмони террористии наҳзат амалӣ нашуданд. Натавонистанд бенизомиро дар пойтахти кишвар ҷорӣ намоянд, мардумро ба таҳлука андозанд, танҳо коре карданд, ин ҷони 9 тан муборизони ватанро қурбон кардану аз ҷои ҳодисаҳо номардвор ақибнишинӣ намуданд. Хориҷиёну гумоштагонашон ҳадс мезаданд, ки бо эҳтимоли зиёд иқдоми наҳзатиҳо метавонад сару садоҳоро ба бор орад ва мардум барои ин амали нангинашон ҷонибдорӣ хоҳанд кард.
Вале, гумонашон ғалат баромад ва дар чанд лаҳза ин террористони нахзатӣ ақибнишинӣ ва роҳи гурезро пеш гирифтанд. Дар ба дар, кӯҳ ба кӯҳ ва шаҳр ба шаҳр гашта, дар кофтуков қарор гирифтанд.
Акнун ҷомеаро мебояд дуруст фаҳмонид, ки мақсади асосии созмони наҳзат осмони софу беғубори Тоҷикистонро мисли Сурияву Ироқ тира сохтан аст. Агар ҳар як фарди кишвар нахоҳад, ки ин фазои оромӣ дар мамлакати мо вайрон нашавад, моро зарур аст, ки муборизаро бо наҳзату дигар ташкилотҳои террористию экстремистӣ мустаҳакам намоем. То буи ин наҳзатиҳои қотил аз кишвар берун гардад.
Шуҳрати Дилбариён
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев