Бояд гуфт, ки Тоҷикистон мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, ки тамоми фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он равона гардидааст ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кўшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналхалқӣ равона намуда, дар ин самт барномаҳои дурнамо таҳия ва амалӣ гардида истодаанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки ТТЭ ҲНИ худро ҷонибдори сулҳу ваҳдат тасвир намуда, аммо барои он аз соли 1997 то имрӯз ягон тадбирҳои амалӣ наандешид ва онро тарғиб ҳам накард, балки сиёсати дурӯягӣ ва ҷангҷўёнаро тарғиб намуд, ки ин ҳизб ба давлату миллати хеш хиёнат намуд ва мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли 2015 дар пойтахти кишвар мебошад, ки тамоми ҷаҳониён аз ин огаҳ гаштанд. Мардум хуб огоҳ шуданд, ки ин роҳбари ТТЭ ҲНИ танҳо бо супориши хоҷагони хориҷиаш ба корҳои зишту зидди милли машғул аст. Ҳамеша ба масъалаҳои ифроти ва иғвоангези машғул буда, ба барои пешрафт ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагони мардум ҳеҷ кореро анҷом надодааст, балки боигарии худ ва хешовандонашро зиёд намуда аст.
Ҳарчанд яке аз ҳизбҳои сиёсии кишвар ба ҳисоб мерафт, ғайриқонунӣ тайи фаъолияташ бо ба роҳ мондани маросимҳои динӣ диққати шаҳрвандони мамлакатро ҷалб намуда, аз ҳисоби ба кор гирифтани ҳамин гуна равиши санҷидашудаашон барои афзудани сафи тарафдоронаш ёрмандӣ кардаанд, вале бояд таъкид намуд, ки дар худи ҳамин сол баста шудани кумитаи ҳизбиашон дар беш аз 56 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки аъзоёнашон бо хоҳиши худ пас аз дарк кардани ҳадафҳои роҳбаронашон аз сафи ҳизб хориҷ гардида, эътироф кардаанд, ки фаъолияти чунин ҳизб дар кишвар зарур нест ва бе ҳамин ҳам халқи тоҷик бо ояндабинӣ ва қувваи малакаву донишаш тулӣ ҳастии таърихиаш ба ҳифзи ормонҳои миллиаш пардохта, онро бо беҳтарин ваҷҳ нигоҳ доштааст. Умуман ҳар як фарди соҳибфаҳм ва сохибназари ҷомеа мақсаду ҳадафи ниҳоии ин ҳизби террористиро пурра дарк менамояд. Нахзатиҳо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияташон то ба имрӯз фақат як ҳадаф доштанду халос. Мақсади нихоии онҳо ин боз аз нав ба коми оташ кашидани ватану мардуми тоҷик асту халос. Корубори наҳзатиҳо аз рӯзи оғозашон ин мардумфиребӣ, иғвоандозӣ, андешаҳои аз мантиқ дур, ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва мубориза бо сохтори кунунии ҷомеа мебошад. Шахс аз кору андешаҳои ин афрод дар хайрат мемонад, ки аз хориҷи кишвар тавассути расонаҳои хабарӣ мардумро пайваста ба доми фиреби худ мекашанд. Баракс ҳалқи сулҳофари мо кайҳо боз мақсаду мароми онҳоро хуб ва пурра дарк мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми фиреби онҳо намеафтад. Умуман инсони солимфикр ва соҳибназар ҳамеша пухтакор аст. Чун, ки ӯ ҳар суханашро мулоҳиза мекунад ва оқибати ҳар амалашро андеша мекунаду сипас, сухан мегӯяд ё ба иҷроиши амал даст мезанад. Шояд ҳамин тарзи суханронӣ ва амалкардаш бошад, ки атрофиён нисбат ба чунин одамон эҳтироми хосае доранд. Умуман инсонҳои бохирад ва бофазл аслан дилсоф ва хоксор буда, ба зуди ба дилу дидаи мардум ҷой мегиранд. Он корњои дар боло зикргардида, кӯчактарин амалу рафтореро дар фаъолияти террористону экстремистони наҳзатӣ дидан амри маҳол аст. Онҳо ҳеҷ гоҳ ватанхоҳу миллатдӯст набуданду нестанд ва баръакс душманону бадхоҳон ва хоинону бадандешони марзу бум буданду ҳастанд. Ҳамагон хеле хуб медонанд, ки онҳо ба хотири пулу моли ночиз, шахсият, қадр, қимат ва номуси инсонии хешро осон фурӯхта, ба бешарафтарин, беномустарин, пасттарин ва разилтарин фард табдил ёфтаанд. То ба сатҳе худро пеши хоҷагони хориҷиашон паст задаанду пеши пойи онҳо афтодаанд, ки ба як шайъи нолозиму нодаркор ва иштибоҳу ифлосгарди ҷамъияту табиат табдил ёфтаанд.
Раҳмонова Б,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев