Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво.
Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ,
Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке аз дил кунад ғавғо.
Чӣ козибҳо шавад содиқ, чӣ содиқҳо шавад козиб.
Чӣ обидҳо шавад фосиқ, чӣ фосиқҳо шавад мулло.
Чӣ зиштиҳо шавад рангин, чӣ талхиҳо шавад ширин,
Чӣ болоҳо равад пойин, чӣ сифлиҳо шавад улё.
Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,
Вагарна бар замин афтад зи ҷайби муҳтасиб мино.
Шабе дар кунҷи танҳоӣ миёни гиря хобам бурд,
Ба базми қудсиён рафтам, вале дар олами рӯё.
Дурахшон маҳфиле дидам чу базми ахтарон равшан,
Муҳаммад ҳамчу хуршеде нишаста андар он боло.
Равони анбиё бо ӯ, Алӣ шери Худо бо ӯ,
Тамоми авлиё бо ӯ ҳама поку ҳама воло.
Ҳама фармонбари ҷонон, шаҳиди ханҷари ҷонон,
Ҳама хоки дари ҷонон, ҳама саршори истиғно.
Зи худ рафтам дар он маҳфил, тапидам чун тани бисмил,
Кашидам нолае аз дил, задам фарёди вовайло.
Ки эй фахри расул, Аҳмад, бурун шуд ранҷи мо аз ҳад,
Дилам дигар ба танг омад зи бозиҳои ин дунё.
Занад ғам бар дилам наштар, надорам сабр то маҳшар,
Бигӯ бо одили довар, бигӯ бо Холиқи якто.
Чӣ сон бинам, ки Намруде бисӯзонад Халилеро?
Чӣ сон бинам, ки Фиръавне бипӯшонад яди байзо?
Чӣ сон бинам, ки номарде чароғи анҷуман бошад?
Чӣ сон бинам ҷавонмарде бимирад бекасу танҳо?
Чӣ сон бинам бадандеше кунад тақлиди дарвешон?
Чӣ сон бинам, ки иблисе бипӯшад хирқаи тақво?
Чӣ сон бинам, ки шаҳбозе ба доми анкабут афтад?
Чӣ сон бинам, ки хаффоше кунад хуршедро иғво?
Чӣ сон бинам, ки нопоке фиребад покбозонро?
Чӣ сон бинам, ки инсоне бихонад хукро мавло?
Ғарибу хонавайронам фидоят ин тану ҷонам,
Мабодо нақди имонам равад аз каф дар ин савдо.
Чӣ шуд таъсири қуръонӣ, чӣ шуд расми мусалмонӣ?
Куҷо шуд сураи Ёсин, куҷо шуд ояи Тоҳо?
Ба шиква чун лабам во шуд, ҳакими Ғазна пайдо шуд,
Бигуфто: Баста кун дигар даҳон аз шикваи беҷо.
Арӯси ҳазрати Қуръон ниқоб он гаҳ барандозад,
Ки дорулмулки имонро муҷаррад бинад аз ғавғо.
Ба ин олудадомонӣ, ба ин ошуфтасомонӣ,
Мазан лофи мусалмонӣ, макун беҳуда ин даъво.
Мусалмон моли муслимро ба коми шуъла наспорад,
Мусалмон хуни муслимро нарезад дар шаби ялдо.
Бирав худро мусалмон кун, пас он гаҳ фикри Қуръон кун,
Сафар дар кишвари ҷон кун, ки бинӣ ҷилваи маъно.
Саноӣ рафту пинҳон шуд, маро рӯё парешон шуд,
Хаёл аз авҷ поён шуд, фурӯ афтодам аз боло.
На маҳфил буду не ёрон, на ғамхори гунаҳгорон,
Зи абри дидаам борон фурӯ борид бепарво.
Утоқам нимарӯшан буд, китобе чанд бо ман буд,
Кушудам ганҷи Ҳофизро, ки ёбам гавҳари якто.
Яқинам шуд, ки ҳоламро Лисонулғайб медонад,
Ки дар тасвири аҳволам бигуфт он шоири доно:
«Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо».
Бигуфтам: Ҳофизо акнун каме аз ҳоли меҳан гӯй,
Ки мо дар гӯшае ғурбат аз ӯ дурем манзилҳо.
Бигуфто: Хома хун гиряд гар он аҳвол бинвисам,
Ба тӯфон монда киштиҳо, ба оташ рафта ҳосилҳо.
Зи теғи номусалмонон, зи санги ноҷавонмардон
Фитода ҳар тараф сарҳо, шикаста ҳар тараф дилҳо.
Бигуфтам: Чун кунад мардум? Бигуфто: Худ намедонӣ?
«Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо»!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1