Сабаби якум
Тавҳид ва Аллоҳ’ро якто дар ибодат хондан - ин яке аз бузургтарини сабаб аст, ки инсон ба ризқи нек мерасад ва аз қарзҳо халос мешавад.
Аллоҳ Субҳанаҳу ва Таъаля фармуд:
وَمَا خَلَقْتُ ٱلْجِنَّ وَٱلْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ * مَآ أُرِيدُ مِنْهُم مِّن رِّزْقٍۢ وَمَآ أُرِيدُ أَن يُطْعِمُونِ * إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلرَّزَّاقُ ذُو ٱلْقُوَّةِ ٱلْمَتِينُ
Ва ҷинну инсонро наёфаридаам, магар барои (ҳадафи бузурге, то танҳо) маро ибодат кунанд, (на ғайри Маро) Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд). Ҳароина, Аллоҳ барои бандагонаш рӯзидиҳандааст. Ва Ӯст соҳиби тамоми нерӯи сахти устувор!
Сураи Аз-Зориёт, оятҳои 56-58.
Ибни Масъуд رضي الله عنه мефармояд: Паёмбари Аллоҳ ба ман хондани ин оятро омӯхт: «Ҳароина, Аллоҳ барои бандагонаш рӯзидиҳандааст. Ва Ӯст соҳиби тамоми нерӯи сахти устувор!»

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1