Предыдущая публикация
Модарам мегуфт доим вақти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост!
Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,
Сар бикун бо қувваи бозуи рост.
Нонро доим ба дасти рост гир,
Пӯш аввал остини ростро,
Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ,
Дасти чап не хайр дорад, не бақо».
Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз:
Фарқ байни дасти чаппу рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.
Баъд фаҳмидам, муроди модарам
З-ин насиҳатҳош дигар будааст:
Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Ҳам лаҳҷаи тозагӯи миллат бошӣ.
То лафзи туро пок ба фардо бубаранд,
Ду каф ба дуо ба сӯи миллат бошӣ!
Худовандо ҳамаи модаронро дар паноҳаш нигоҳбон бошад