Вақте ба таърихи таҳаввули башар назар меафканем, дар дарозои мавҷудияти хеш инсоният низ ба мисли тамоми мавҷудоти зинда ҷиҳати боқимонда аз қонуни маъруфи табии мубориза барои ҳаёт ва интихоби табииӣ истифода намудааст. Чунин ба назар мерасад, ки агарчӣ анвои зинда дар мубориза барои зинда мондан тағийри ҷисмӣ намудаву бо роҳи ҳифзи ғаризаҳо барои зинда мондан аз лиҳози физиологӣ бо муҳити атроф ба муборизаву даргирӣ қарор гирифтаанд. Шояд ҳамин ҳолат мубориза барои ҳаёт ва мутобиқшавӣ ба муҳит сабаб гардида, ки дар инсонҳо шуур, зеҳн ва шинохтҳое ҳам ба вуҷуд омад ва инсон дар ин раванд инъикоси бошууронаро ба вуҷуд оварда зеҳн, шинохт ё шууру хиради худро низ ҷиҳати ҳифзу бақои навъи биологияш равона намудааст.
Мусаллам аст, ки дарку шинохти ҷаҳон барои инсонҳо дар як они воҳид суат нагирифта, балки ин як раванди тулоние аст,ки аз зуҳури як падидаю ҳодиса то расидан ба воқеияту ҳақиқати он, замон, таҷриба, озмоиш ва таҳлилу баррасиро тақозо дорад. Дар ин раванд, пеш аз ҳама таҷрибаҳои инсонӣ, ки аз насле ба насле интиқол шудаанд ва агар як насл тавонистааст дар баробари чароию чунӣ ва чандиву чигунагии падидаву ашё андеша намояд ва дар ин замина дарку фаҳми хешро дар нисбати падидаю ҳодисаҳо иброз дошта, ин таҷрибаро ба наслҳои баъдӣ интиқол додаст. Насли баъдӣ низ аз ҳамон нуқтаи даркшудаи пешинагон шурӯъ намуда, идомаи дарки воқеиятро барои наслҳои баъдӣ равшан намудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки дигаршавӣ ва тағйирпазириҳои ҳамешагии вазъиятҳои иқлимӣ дар курраи хокӣ барои намуди биологии инсон мушклитои наверо ба миён овардаанд, ки барои зистанаш мушкили бунёдӣ ба ҳисоб рафта, шояд ҳам сабаби марги иддаи зиёде аз инсонҳо гардида бошад. Ба хотири рафъи даҳшатҳои табиӣ ва мушкилоти зистӣ шояд яке аз аввалин маводи таскинбахше, ки ба сарвақти инсонҳо расидааст, ин ҳам бофтаҳои хаёлоташ ва боварҳояшон будааст. Ҳар гоҳе инсон дар баробари ҳаводиси кушандае аз қабили селу тӯфону обхезиҳо қарор гирифта, шоядам нафаре бар тасодуфе, ки санги вазнин, куҳпора ё дарахти азиме, ё ғоре сабаби наҷоташ гардидааст, ин ашёро дар бовари худ ҳамчун ҷисми дорои муъҷизаву дар боварҳояш муқаддас ба он муносибат намудааст. Онро парастидаву ба пайвандонаш ҳам таъкид варзида, ки ин падидаро гиромӣ доранд. Ҳарчанд зоҳиран ин боварҳо натавонистаанд мушкилро ба тарзи решагию бунёдии ҳал намоянд, вале аз тариқи оромбахшиҳои таскинию равонӣ барои ӯ муддате оромиши хотир доданд.
Дар ҷомеаи ибтидоӣ ,махсусан дар даврони шикорчигиву донаҷамъ овардан, аксаран инсонҳо дар муҳити хонаводаву қабила ба сар мебаранд, то ин ки тавонанд ниёзҳои муштараки хешро бароварда созанд ва нерӯи худро муташакилона ҷиҳати расидан ба ҳадафи зистиашон равона созанд. Ин ҳолатро то даврони хеле наздик муҳақиқон дар баъзе аз қабилаҳои Зеландияи Нав, ки дар ҷомеаи ибтидоӣ ба сар мебаранд, ба мушоҳида гирифта ва дар онон авомили бовармандие пайдо намудаанд, ки онҳо дар баробари муборизоти рӯёрӯӣ бо падидаву унсурҳои воқеии табиӣ, инчунин дорои иддае аз боварҳоеанд ва гумон меварзанд, маҳз ҳамин боварҳо сабаби поянда мондани онҳо дар баробари мушкилоти табиию иҷтимоианд. Пажуҳишгарон тазодеро дар онҳо мушорҳида менамоянд, ки агар аз як тараф барои бақои худ бо мушкилоти зиёде ба таври воқеӣ чораандешӣ намуда, мубориза баранд, вале аз ҷониби дигар дар онҳо васвосиҳои амиқи тарзи зеҳнӣ, хаёлпардозӣ ва як нигаронии ҳамешагӣ мавҷуд аст.
Бештаре аз ин пажуҳишгарон ҳадс мезананд, ки нигаронии пайвастаи инсон аз он аст, ки ӯ аз фардои ҳаводис огоҳие надорад ва чи гунна сурат гирифтани воқеёти баъдӣ низ дар дасти ӯ нест. Ин аст, ки ҳамеша думболи сохтаҳои хаёлии худ мегардад ва аксар аз мушкиле, ки ҳанӯз роҳи ҳалаш дар дасти инсон нест ва ё аз фардои номаълуме, ки чи гуна сурат гирифтани воқеият дар ихтиёраш нест ба ҷодуву ҷанбал, фолбиниву бовару эътиқодҳои ҳамсони он паноҳ мебарад. Чунин ҳолатро метавон дар таърихи ташаккули аксари фарҳангҳои башарӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ҷузъияёти русуму одоби диниву бовармандии назди мардумони ҷаҳон аз ҳам тафовут мекунад, аммо ҳеҷ фарҳангеро намеёбем, ки қисмати умдаи шуури динии онон пур аз сохтаву бофтаҳои хаёлотӣ, зиддивоқеият, хусуматзо ва ғайрисозанда набошанд. Дар дарозои таърих ҳамин гуна боварҳо, ки инсонҳо ононро ҳамчун ҳақиқатҳои мутлақ пазируфтаанд, сабаб гардидаанд, ки байни мардумон қавмҳо ва халқиятҳои гуногун бархурдҳоеро ба даъвоҳои шинохти ҳақиқати мутлақ, ки ҳар кадоме бовар ва сохтаҳои зеҳнияшро медонист, ба миён омадаанд. Ин ақида чунин натиҷагиро ба миён меоварад, ки рафторҳои бовармандонаи инсонӣ як ҳолати умумӣ мушобеҳ ва ҳама шумумли одамиён аст. Зеро дар фарҳангҳои гуногун тақрибан бо такя ба боварҳо арзишҳо, сохтаҳои зеҳнӣ ва маносику анъанаҳои ҳамсон ба вуҷуд омадаанд, ки решаашон дар мушкилоти зистии инсонҳо аст. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, рафторҳои бовармандӣ иддае аз саволҳоеро дар зеҳни инсон ба вуҷуд меоранд, ин ки чаро инсонҳо ба сохтаҳои мағзии худ ин қадар сахт боварманданд. Онҳо бо шефтагиву маҷзубияти хос амалҳоеро аз қабили парҳез намудан, ба падидаву ашёи муқаддаси сохтаи худ саҷда мекунанд, рукуъ мераванд, худро занҷир мезананд, дар баробари як бут, ё девор худро такон медиҳанд, ҷиҳод мекунанд ва ё ба амалҳое даст мезананд, ки умри гаронмояи хешро дар хатар мегузоранд ё дар баробари боварҳояшон ҳатто аз ҳамдигар ҷон меситонанд. Ба назар мерасад, ин ҳама баёнгари он аст, ки инсон воқеан дар ҷаҳон мушкили зистиву вуҷудӣ дорад. Ин мушкилоти зистиву вуҷудӣ ва махсусан тарс дар баробари маргу нобудӣ, ки инсон онро дарк менамояд ҳамеша ӯро дар ошуфтагии хотир нигоҳ медоранд. Ин ошуфтагиро ӯ аз роҳи бофтаҳои зеҳнӣ ва бовармандӣ ҷубро мекунад. Ин боварҳоро он қадар ба ҳайси воқеият мепазирад, ки намехоҳад ҳеҷ гоҳ онҳоро раҳо созад. Чун дар бовараш мутмаъин аст онон айни ҳақиқати ҷаҳонанд. Вуҷуди худашро ҳам бидуни вуҷуди боварҳояш тасаввур карда наметавонад ва заррае шубҳа намудан дар баробари ононро кори баду мушкилсоз тасаввр мекунад, ки ин гуна амалҳо метавонанд қаҳри неруҳои фарозаминиро ба вуҷуд оваранд ва мушкилиро бештар созанд. Ҳамин аст, ки дар таърихи бовармандӣ ҳатто дар дохили як дину бовар, ки умумияту сарчашмаҳои ягона доранд, бо андак тағйироте мазҳабҳои гуногун шакл мегиранд. Аммо хусумати байни ин мазоҳиб бармегардад бо ҳамон тағйири ночизе, ки дар баробари мазҳаби дигар вуҷуд дорад. Чунин ҳолат боиси он гардидааст, ки дар дарозои таърихӣ ҳатто дар дохили як дин кушторҳои мутаади ва фоҷеаноке сурат гирифтаанд, ки онон пайваст ба табу ё муҳаррамоти як боваранд.
Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки инсонҳо бо роҳи боварҳои худ бо такя кардан ба ин ё он вазъу ҳолат ё маводе мехоҳанд аз бемориҳое худро ҳифз намоянд. Ин вазъ пеш аз ҳама марбут ба ҳолати равонии онҳо аст, на бар асароти физиологии маводи истеъмолшаванда ё падидаю ҳаводисе, ки ба он бовар мекунанд. Ин ҳолат гуфтаи Ҷорҷ Бернард Шоуро ба хотир меорад, ки гуфта буд: «Муъмин шодтар аз мардуд аст, ҳамон тавре, ки маст шодтар аз ҳушёр». Ин гуфта пеш аз ҳам ба он такя меварзад, ки боварҳои инсонӣ низ амсоли маводеанд, ки инсонро аз назари равонӣ ба худ ҷазб мекунанд ва ӯро тассалӣ бахшида, шояд барои муддате ором месозад, вале аз бунёд ва ба таври ҳамешагиву решагӣ мушкилро ҳал намекунад. Ҳолати мазкурро ҳатто метавон дар усулҳои пизишкон мушоҳида намуд, ки онҳо гоҳо ба хотири руҳия бахшидан ва тассаллӣ додан ба беморонашон аз усулҳои мазкур истифода мекунанд. Гоҳо ба хотири тасаллии равонӣ ба бемор қурсҳоеро пешниҳод месозанд, ки шояд онҳо аслан аз назари физиологӣ барои бемор таъсиргузор набошанд, вале аз нигоҳи равонӣ онҳо метавонанд барои бемор муассир бошанд.
Омили дигари густариши бовармандиро метавон дар таблиғоти гурӯҳӣ низ мушоҳида намуд. Ҳануз аз бунёд дар ҷомеаи инсонӣ амалҳое аз қабили тақлид ва таблиғ дар шаклгирии зеҳнияти инсонҳо таъсиргузор будаанд. Ин амал аз даврони бостон то замони мо давом овардааст. Айни ҳол, дар чаҳоне, ки мо ба сар мебарем таблиғоти гурӯҳӣ низ бисёр муассир ва ҷолиб аст. Инро метавон махсус дар пахши роликҳои тарғиботиву рекломҳо мушоҳида намуд. Одатан як маводе ки пай дар пай мавриди таблиғоти густурда қарор мегирад, дар зеҳнияти аксар нафарон ба ҳайси як воқеияти бебаҳс қабул карда мешаванд. Аксаран дигар дар чи буду чиганугии он ҳеҷ шакку шубҳае надорад. Ҳангоми харидорӣ ҳамон иттилоои таблиғшудаеро, ки дар борааш бовареро ҳосил кардаанд, ҳамчун воқеият қабул карда онро харидорӣ мекунанд. Боварҳои динӣ низ дар дарозои мавҷудияти худ айнан ҳамин вазъро аз сар гузаронидаанд. Маҷмуи маносику одатҳоеро, ки наслҳои баъдӣ ба мерос мегиранд, онро бидуни ҳеҷ гуна шубҳа қабул менамоянд ва мутмаинанд, ки онҳоро гузаштагонашон санҷидаю таҷриба намуда ва баъдан анҷом додаанд. Аз тарафи дигар вазъи равонии як нафари боварманд чуни наст, ки гоҳе ки ӯ амалҳои бовармандиро анҷом медиҳад, дар вуҷудаш чунин эҳсосе ба вуҷуд меояд, ки зеҳнашро осуда кардааст ва худашро дар баробари воқеияту вазъияти аслии падидаю равандҳо ба соддагӣ тасаллӣ додаст.
Дар мавриди сарчашмаи бовармандӣ дар даврони ҷудошавӣ ба табақоти ҷомеаи инсонӣ ин навъи ақида ҳам вуҷуд дорад, ки сиёсатҳои вақт ва махсусан гурӯҳҳои ҳоким, ба хотири дар зери нуфузи хеш нигоҳ доштани табақаҳои фурудаст, таблиғоти густурдаи бовармандиро ба роҳ мондаанд ва чунин муносибат боиси он гардидааст, ки табақаҳои фурудаст бо таҳаммули ранҷу азоб нокомию фақр, ба ваъдаи ҷаҳони дигар ва дарёфти биҳишти барин тассалӣ меёфтанд ва норизоиятиашон аз ҷаҳони феълӣ ва вазъи бади зистӣ коста мешуд ва чунин ҳолат, пеш аз ҳама ба манфиати арбобонашон буд. Пайравони ин ақида муътақиданд, ки унсурҳои зиёди бовармандӣ ва маносики динӣ ихтироъ кардаи гурӯҳҳои забардаст аст, ки махсусан коҳинону ҳокимон онро ҷиҳати истеъком бахшидани қудрати сиёсии худ истифода намуданд. Яъне бо роҳи ба мардум ваъдаи саодатмандӣ дар дунёи дигар ва расидан ба ҳамаи хоҳишҳову ниёзҳое, ки дар ҷаҳони феълӣ инсон эҳтиёҷ дорад, бо роҳи хаёлпардозию афсункорӣ ӯро мутмаин намудаанд, то ҳеҷ гоҳ аз нерӯҳои ақлию хирадии хеш истифода нанамояд, худро насозад ва ҳамеша таслимкор бошад. Махсусан чунин рафтор ба миллатҳое, ки зери бори ақида, бовар ва фарҳанги кишварҳои дигар рафтаанд, зиёд ба назар мерасад. Дар ин ҳолат кишварҳои мағлуб ҳамеша бо ваъдаҳои динию бовармандӣ тассаллӣ дода, афсун карда мешуданд. Аз тарафи дигар, вазъи ба вуқуъ омадаро ҳамчун амали қазову қадар муаррифӣ намуда, ҳар гуна мубориза бурдан ба онро мухолиф ба хоҳиши нерӯҳои мармузи осмонӣ меҳисобиданд. Чунин вазъ боис мегардид, ки онҳо муборизоти қавмҳо ва халқҳои дигарро дар баробари ҳокимон ва сиёсатмадорони даврон хунсо мекарданд. Бад ин восита ҳокимон умри ҳокимияти худро дароз менамуданд ва аз ҷониби дигар таблиғоти густурдаи тақдирпарастонаро ба роҳ мемонданд. Ин ҳолат боис мегардид, ки ҳеҷ як фарде ҷиҳати берун омадан аз пойбандиву ғуломӣ кушишҳои хешро ба харҷ намедод ва аз нерӯҳои зеҳнву инсонияш тадбир намеҷуст ва истифода наменамуд. Чунин ба назар мерасад, ки яке аз сабабҳои аслии сахт дар таассуби динӣ қарор гирифтани мардуми мо ва зиёд тақдирзада буданашон низ иртибот ба он дорад, ки дар тули таърих бо аз даст додани давлатҳои миллӣ ҳамеша дастнигари бегонагон буданд ва барои бегонагон ҳам таблиғи густурдаи тақдиргароӣ, зуҳд гушанишинӣ, фақр, ҷомеабезорӣ ва интизори ҳамаи саодатҳо аз дунёи дигар ба манфиаташон будааст. Дар дарозои таърих чунин зеҳният бар шуури иҷтимоии мардумони мо таъсиругзор шуда, ҳоло ҳам метавон дар баробари миллатҳои дигаре ки мусалмонанд инро мушоҳида намуд, ки мардуми мо бештар таассубию тақдирзадаву хурофотианд.
Аз ин таҳлил ва навишта даъвои мо ҳам ин нест, ки бовармандиву хаёлпардозиро комилан рад намоем ва онро як беҳудакорие арзёбӣ намоем, балки дар ҷаҳони илммеҳвари имрӯзӣ зарур аст, ки ин падидаҳоро аз назари илмӣ таҳлилу баррасӣ намоем ва зиллату манфиати онро дар раванд ва дурнамои рушдамон бишносем. Он чи агар монеъе барои рушдамон аст, онро аз сари роҳи худ бардорем. Неруҳои инсонии хешро бо такя бо донишу илм ҷиҳати расидан ба як ҷомеаи комилу саодатманд равона созем.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев