Фарзанди фарзонаи миллат, донишманди фарҳехта, инсони некусиришт, ҷарроҳи ҳозиқ, нахустин академики илми тибби тоҷик Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ на танҳо дар фазои Тоҷикистон, балки дар тамоми собиқ ИҶШС ва доираҳои илми тибби ҷаҳони шахсияти маъруф ва олими номвар буд. Зеро ин олими сатҳи ҷаҳонӣ бо дастоварду натиҷаҳои илмии хеш дар доираҳои мухталифи илмӣ шинохта гардида, дар чандин чорабиниҳои берун аз ҳудуди ИҶШС баргузоргардида роҳбарӣ кардааст. Дониши баланд ва таҷрибаи хуби роҳбарии Юсуф Исҳоқиро ба инобат гирифта, масъулияти роҳбарии зоирони кишварҳои Арабистони Саудӣ, Миср ва Лубнон ба зиммаи ӯ вогузор карданд.
Дар хориҷ аз кишвар обурӯву нуфуз доштан ва дар сатҳи баланд эътироф гардидан на ҳар инсон муяссар намешавад, ки Юсуф Исҳоқӣ аз ин ҳама бархӯрдор буд. Зеро асарҳои илмию тадқиқотии ин олими номвар ва ҷарроҳи маъруф дар тибби натанҳо Тоҷикистон ва ИҶШС, балқи ҷаҳон аҳамияти бузурги илмию амалӣ дошта, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Устод Юсуф Исҳоқӣ аз олимони сермаҳсул буда, дар инкишофи тандурустии ҷумҳурӣ ва тарбияи насли нави духтурон саҳми беандоза калон гузоштааст, яъне таҳти роҳбарии бевоситаи олим 13 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Тадқиқоти илмии Юсуф Исҳоқӣ ниҳоят фароху доманадор буда, ба масоили гуногуни соҳаи тиб: истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани хунравӣ ҳини бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ; этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи кистаи роҳҳои болои нафас; ихтилои қобилияти гузаронандагии рагҳои хунгузар ва дар ҷавфи назди бинӣ пайдо шудани киста ва ғайра бахшида шудаанд. Олим дар омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои робитаи тарафайни амрози бодомакҳои гулӯ ва гурдаҳо дар кӯдакон, мутобиқшавӣ ба шароити баландкӯҳ, таъсири ҳипоксия ба ҳолат ва фаъолияти гӯшу гулӯю бинӣ, омӯзиши бемориҳои аллергиявии узвҳои ЛОР, мансубияти беморони гирифтори амрози узвҳои ЛОР ва ғайра дар илми тибби ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсусаро ишғол менамояд.
Гузашта аз ин, Юсуф Исҳоқӣ ба сифати сарвари яке аз донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷумҳурию минтақавӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолияти пурмаҳсулу назаррасе низ доштааст. Дар ин даври пурмазмун дар қатори зиёда аз 880 мактабҳои олии ИҶШС ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷойҳои аввал меистад, ки дар ин ҷода саҳми бевоситаи Юсуф Исҳоқӣ маврид ба зикр аст. Зеро дар ин самт сарвари донишгоҳ тавонист, ки на танҳо номи алломаи бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ба садри аввал бардорад ва рӯҳи эшонро шод бигардонад, балки худ бо синопешагӣ ва синосириштӣ ифтихори халқи тоҷик ва ифтихори мардуми ҷаҳон гардид. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, олимӣ, роҳбарӣ ва узвият ба чандин корҳои сиёюсию ҷамъияти Юсуф Исҳоқӣ ҷарроҳиҳои вазнинтарин ва мураккабтаринро бевосита худаш мегузаронид.
Новобаста аз олими шинохта, омӯзгор ғамхор, табиби меҳрубон ва роҳбари кордон буданаш Юсуф Исхоқӣ бо инсоният баланд, ахолқи намунавӣ, одоби табибӣ ва муносибати волои хеш ба беморон машҳур буданд. Ҳар як табиб орзу мекард, ки мисли ин фарзонафарзанди миллат дар байни хосу ом обрӯ ва мавқеъ дошта бошад.
Албатта, ҳам дар байни табақаҳои болоӣ аз мақоми шоиста бархурдон будан ва ҳам аз ҷониби мардуми одӣ эътироф гардидан, боиси рашку ҳасади тангназарону кӯрдилон, хосатан он касоне, ки ба ҷуз бадбинию бадрафторӣ ва палидию разилӣ чизи дигаре надоранд мегардад. Террористони наҳзатӣ, ки аз ибтидои фаъолияти ноҷавонмардонаи хеш душмани илму дониш ва хиёнаткори миллату меҳан буданд, шахсиятҳои миллиро хуш надоштанд. Аз ин ҷост, ки бо ёфтани имконият ва фурсати барояшон мусоид шахсиятҳои барҷастаи тоҷикро ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Разилони наҳзатӣ бо ин амалҳои ноҷавонмардонаашон, ки олимону донишмандон ва зиёиёну рӯшанфикронро ҳадафи амалиёти ҷаллодии хеш қарор доданд, бо як тир чанд нишон задан мехостанд. Бо аз байн бурдани олимону донишмандлон фазои илму дониш ва фарҳангу маърифатро холӣ сохта, онро бо ҳар гуна фаҳмишҳои нодурусти зидди инсону зиндагӣ ва террористонаю экстремистона пур кардан мехостанд, ки дар ин самт корҳоеро низ анҷом доданд. Бо нобуд кардани шахсиятҳои миллӣ хотираи таърихии миллатро пок сохта, мардумро аз асли худ дур менамуданд ва оммаро ба манқурт табдил додан мехостанд.
Мутаассифона ба ин барномаи ҷаллодона ва нақшаи ноҷавонмардонаи террористони наҳзатӣ номи олими саршиноси мо Юсуф Исҳоқӣ ворид шуд. Зеро ин олими номвар дар баробари фаъолияти илмию тадқиқот ва илмию омӯзгорӣ дар корҳои сиёсию ҷамъиятӣ низ хеле фаъол ва як шахсияти сирф миллӣ буд. Масалан, солҳои зиёд вазифаи пурмасъулияти раиси Комиссияи доимии Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳои ИҶШС бахшида ба проблемаи «Патологияи узвҳои болоии нафас»-ро иҷро мекард ва дар як вақт раиси Комиссияи доимии проблемавии «Патологияи узвҳои болоии нафас»-и Академияи фанҳои тиббии ИҶШС буд. Ва ё солҳои 1987-1989 ҳамчун узви Кумиати ташкилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Қонун дар бораи забони давлатӣ» бисёр корҳои ташвиқотиро пеш бурда, дар қабули қонуни мазкур саҳми арзанда гузошт.
Ҳамзамон, дар ибтидои солҳои истиқлол китоби таърихии «Очерки истории медицины Таджикистана»-ро (1993) таълиф намуд, ки пас аз як соли қатли олим дубора дар шакли мукаммале таҳти унвони «История медицины Таджикистана» (1997) интишор гардид.
Ин китоб далели равшани он аст, ки фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва ҷаҳонбинии Юсуф Исҳоқӣ на танҳо мунҳасир ба як самти илми тиб, балки фарогири доираи васеи донишҳо, махсусан мероси гаронбаҳои ниёгон буд. Ӯ бо ин асари мондагораш мехост, ки меросбарони аслии гузаштагони бузурги хеш будани мардуми шарифи тоҷикро собит намоянд. Ҳамзамон, бо ин асар ба он ҳама фаҳмишҳои ғалате, ки гӯё миллати тоҷик дар таърихи гузаштаи хеш ба ҷуз шеъру шоирӣ чизи дигаре надошт, хатти батлон задан мехост. Аз ин ҷост, ки душманони миллат ва он нафароне, ки ба решаҳои таърихии миллати мо теша задан мехостанд, дар пайи қасди ҷони ин олими номвар шуданд.
Дар давраи ҷушу хурӯши ҷанги таҳмилие, ки террористони наҳзатӣ болои сари мардуми тоҷик таҳмил карда буданд, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ гурӯҳҳои махсуси ҷаллодӣ таъсиси дода, онро барои «сайд»-и олимону донишмандони барҷаста ва шахсиятҳои маъруфу таъсиргузор равона сохт. Ин палидону разилон бо истифода аз ниқобҳои динӣ ҳамватанонро бо ҳилаву найранг, дурӯғу сафсата, оёту ҳадиси ба таври ғаразнок тафсиркардаи хеш гӯл зада, ба тарафи худ мекашиданд.
Мардуми одиву омӣ бошад, аз рӯйи эътиқод, меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтиром ба дин ба онҳо бовар мекарданд. Аммо аз он бехабар монданд, ки ин ҳайвонтабиату ваҳшисириштон кайҳо кӯчаи одаму одамгарӣ, раҳму шафқатро аз хотир фаромӯш карда, ба одамкушию ҷаллодӣ, разилию хоинӣ, девию иблисӣ даст задаанд.
Қадамҳои аввалини онҳо бо ҳилаву найранг дар дили одамони одӣ, камсаводу бесавод тухми ақидаҳои ифротиро кишт карда, дар вуҷуди онҳо нисбат ба давлату Ҳукумат ҳисси бадбинӣ, нафрат, хусумат, нобовариро бедор намуданд. Мардуми омию одии фандхӯрда бошад, ба майдонҳо баромада, онҳоро тарафдорӣ карданд.
Ин каллабурҳо ба террори зиёиёну рӯшанфикрон: адибон, олимон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, омӯзгорон, духтурон ва кормандони дигар соҳаҳо, ки аз тарафи хосу ом эътироф гардида, то ҳатто дар миқёси ҷаҳонӣ обрӯву эътибор доштанд, гузаштанд.
Ҷаллодони наҳзатӣ дар қатори олими саршиноси ҷаҳони Юсуф Исҳоқӣ, шахсиятҳои муътабаре, чун Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Абдураҳим Раҳимов, Сайф Раҳимзод, Моёншо Назаршоев, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Нурулло Ҳувайдуллоев, Сафаралӣ Кенҷаев, Хушбахт Ҳайдаршо, Махсум Олимӣ ва садҳо инсонҳои варзидаи сиёсату иҷтимоиётро ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Яке аз ин ҷаллодиҳои даҳшатбору бешарафона, ки 6 майи соли 1996 пиёда карда шуд, қатли бераҳмонаи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Юсуф Исҳоқӣ ва ноиби ӯ Минҳоҷ Ғуломов буд. Ин амали ваҳшиёна бо супориши махсуси роҳбарияти ТТЭ ҲНИ тарҳрезӣ гардида, ин ду олими номвар дар рӯзи равшан, дар маъзари ом ва дар назди бинои асосии ДДТ аз тарафи чанд террористи наҳзатӣ ба қатл расонида шуданд.
Ҷаллодию қотилиҳои террористони наҳзатӣ то он ҳадде бешарафонаю беномусона аст, ки бадтару бераҳмонатар аз қатлу кушторҳои Искандару Қутайба ва Чингизу Темур мақом дорад. Зеро ҳеч беномусе, ҳеч палиде, ҳеч разиле ва ҳатто, ваҳшие он амалеро, ки террористони наҳзатӣ дар нисбати қавми худ раво диданд, раво надидааст.
Агар ин гуна амалҳоро дар вақташ шоҳони хунхори аҷнабӣ дар ҳаққи халқи тоҷик раво дида буданд, далелаш ҳам бармалост, ки аҷнабӣ ҳастанду ба чунин палидӣ даст мезананд. Аммо террористони наҳзатӣ ба фарқ аз онҳо аз даруни ҳамин мардум баромадаанд, вале чунин ноҷавонмардиҳоро нисбат ба мардуми тоҷик пасттару зиштар аз онон раво диданд.
Олимону донишмандоне, чун Юсуф Исҳоқиро, ки дар қатори ҳазорон беморони табобаткардааш шояд афроди наҳзатӣ ҳам буданд, ваҳшиёна ба қатл расонидан ба ҷуз маҳви илму дониш ва пок сохтани хотираи таърихии миллат чизи дигаре набуд. Инҷинояти сангини наҳзатиҳоро миллати тоҷик ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Имрӯз ҷойи Юсуф Исҳоқӣ- донишманди бузургу шахсияти беназир дар илми тиб ва ҷомеаи тоҷик холист ва хотираи неки ӯ дар дили мардум барои ҳамешагӣ нақш бастааст.
Субҳиддин Зиёев,
номзади илмҳои филология
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев