Предыдущая публикация
Ай савори аспи кибр рӯзе зи дунё мерави,
Ай бахилу бадфикр рӯзе зи дунё мерави.
Нест Туро андӯҳу ғам дунё надорад ҳеҷ писанд,
Ай марди сангдил худписанд рӯзе зи дунё мерави.
Озори мардум кори Ту бераҳми аст шиори Ту,
Бо ин ҳама бадкори Ту рӯзе зи дунё мерави.
Моле дори нест моли Ту хандад бар аҳволи Ту,
Наравад аз дунболи Ту рӯзе зи дунё мерави.
Қасри заррину нозанин лаҳзае бо Ту ҳамнишин,
Ҳамроҳ намегардад яқин рӯзе зи дунё мерави.
Ҳаст Туро қатор маркабҳо,
Киа Кобалту Волво,
Пиёдаву получ танҳо рӯзе зи дунё мерави.
Нуриддин дунё ибрат аст гарчи оғозаш фитрат аст,
Кун тоат ҳоло фурсат аст рӯзе зи дунё мерави....
💐💐💐💐💐💐💐💐💐
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев