Бештари мардҳо дар ҷамъияти мо ба ҳақорат одат кардаанд. Медонед чӣ, ин аввалаш аз рӯйи инсоният ва тарбияти одамӣ нест, вақто ки суханҳои бад ба забон меоред, фикр кунед, ки чӣ гуфта истодаед. Фикр кунед ки шайтон васвос мекунад. Астағфируллоҳ гуфта шайтонро аз худ дур кунед. Сухани бад дили касеро меранҷонад ва қадру қимати шуморо паст мекунад байни одамон.
Ҳамон ҳақорату гапҳои ноҷо ки мегӯед, боз бо он забон оёти Қуръони покро мехонед, забон узви ҳалолтарини инсон аст. Аллоҳ бандагонашро тифли поку зебо офаридааст, пас биёед забони худро ба ҳаром олуда насозед, зеро ки бо дашному рафторҳои бади шумо шайтон шод мешавад. Мо бандагони Аллоҳ худро бояд сӯйи покӣ раҳнамоӣ кунем, зеро шикастани қалб осон аст, вале барқарор намудани муносибатҳо саҳл нест. Андеша кунед, назди Аллоҳ чӣ ҷавоб хоҳед дод?
إِذْ تَلَقَّوْنَهُ بِأَلْسِنَتِكُمْ وَتَقُولُونَ بِأَفْوَاهِكُم مَّا لَيْسَ لَكُم بِهِ عِلْمٌ وَتَحْسَبُونَهُ هَيِّنًا وَهُوَ عِندَ اللَّهِ عَظِيمٌ
Чун онро ба забонҳои хеш фаро мегирифтед ва ба даҳони хеш сухане мегуфтед, ки шуморо ба ҳақиқати он донише набуд ва онро осон мепиндоштед ва он наздики Худо бузург буд.
Нур: 15
مَّا يَلْفِظُ مِن قَوْلٍ إِلَّا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيد
Одамӣ сухане ба забон намеорад, магар он ки нигоҳбоне наздики ӯ муҳайё аст.(Яъне; агар калимаи ҳақ бошад, фариштаи дасти рост менависад ва агар калимаи ботил бошад, фариштаи дасти чап менависад)
Қоф: 18
Пас, мувозиби забони худ бошед. Аллоҳ бинову шунавост. Аллоҳ бандагонашро ҳидоят кунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев