
Ҳар гаҳе селоби ашк резад зи ду чашмони ман,
Ҳар гаҳе бишкаста гардад аҳд ҳам паймони ман,
Ҳар гаҳе гардад валангор хонаи армони ман,
Ин дили афтода дар ғам, бе сарусомонӣ ман,
Ёд меорад туро.
Ман ба ҷони ту ҷафоҳо кардаам, буд иштибоҳ,
Аз ту дил кандам азизам, ин хато буду гуноҳ,
Сарнавиштатро намудам ҳамчушоми тор сиёҳ,
Синаи оташгирифта, бо ҳазор андӯҳу оҳ,
Ёд меорад туро.
Ҷонфидо буди бароям ту, ки дар аҳду вафо,
Ин хато буд, ки намудам ман бо ҷони ту ҷафо,
Хонаи дилро мунаввар карди бо нуру сафо,
Ин вуҷуди хастаи ман аз хубони пурҷафо,
Ёд меорад туро.
Меравад то бар фалак ин гиряҳои зори ман,
Лек афсӯс, ки нагарди ту дигар ҳеҷ ёри ман,
Рафт он рӯзҳо, ки буди ҳамдаму ғамхори ман,
Дидаи пазмони ман бо синаи хуншори ман,
Ёд меорад туро.
Ман пушаймонам, надорад лек бар ман ҳеҷ суд,
Рафти аз ман, рафт аз ман ҳарчӣ, ки буду набуд,
Хайру боди ишқи мову ту гуфт ин чархи кабуд,
Ин дили шоиртаборам бо ҳазор
шеъру суруд,
Ёд меорад туро...
0 комментариев
4 класса
Фильтр
00:25
00:24
00:23
00:35
00:23
загрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Левая колонка
О группе
بِسْـــــــــــــمِ الله الرَّ حْمَنِ الرَّ حِـــــــــــــيم
Ба номи Худои бахшоянда ва меҳрубон.
- Администратор:
- Таджикистан, Пенджикент
Показать еще
Скрыть информацию
Фото из альбомов