Замони мо замони дузди зӯр аст,
Замони дуздии ақлу шуур аст.
Тамаддундузд ҳаст ин миллати турк,
Чаро соҳибтамаддун худ сабур аст?!
Рафиқон, бас дигар хомӯш будан!
Бас аст ин сабр бар дуздӣ намудан!
Таҳаммул ҳам дигар берун зи ҳадд шуд,
Намонед як бузургеро рабудан.
Кӣ мегӯяд, ки турк аст Ибни Сино?!
Варо парварда худ Балху Бухоро.
Варо хун аст хуни поки тоҷик,
Бувад ӯ то абад аз хоки тоҷик.
Ба Хоразмӣ чаро гуфтед турк аст?
Ало ай бетамамаддунҳои хунмаст!
Нажоди ӯст Эрон, ӯ баланд аст.
Набошад ҳеҷ гоҳе чун шумо паст.
Чу Берунӣ агар турк аст гуфтед,
Ба домон шеди рахшонро нуҳуфтед.
Хазон дидед боғи тоҷиконро,
Чу турке дар нигоҳи худ шукуфтед.
Бигӯям бар ту ман, ай сарвари турк!
Назод ин олимонро модари турк.
Куҷо даъвои дониш менамоед?
Нағунҷад илми Сино дар сари турк.
Бадар кун аз сарат ин кудакиро,
Ки бирбоӣ зи мо аҳли закиро!
Агар хомӯш монем, ин аниқ аст:
Ту рӯзе турк гӯйӣ Рӯдакиро.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев