Аз рухат оина, то лаззати дидор гирифт,
В-аз нигоҳи дигарон ҷониби худ ор гирифт, Хоки раҳ аз қадамат рутбаи гулзор гирифт,
Аз ту гулҳои чаман зиннати дастор гирифт.
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт? Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
То нишастам ба раҳат баҳри таманнои висол, Дида вақфи ту намудам шабу рӯзу маҳу сол,
Бе ҷамоли ту маро зиндагии даҳр муҳол,
Аз мани дилшуда як бор напурсидӣ ҳол!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт? Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Чанд нолам зи гули рӯйи ту чун булбули зор, Ҳамчу парвона занам болу пари хеш ба нор? Бурда савдои ту яксар зи дилам сабру қарор, Ранги рухсори маро бину ба ҳолам раҳм ор!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт? Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Килки тақдир, ки тасвири ту мекард рақам, Дар азал дар хати ӯ ман ба ту будам тавъам, Доштам бар сари худ ишқи ту дар мулки адам, Аз чӣ бисёр ба мо сози навозишҳо кам?!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт? Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Гиряам аз ғами ҳаҷрат ба ҷаҳон тӯфон кард, Шабнами ашк аз он ҷо ба сари мижгон кард, Ҷӯши ин сели бало қасри дилам вайрон кард, Оқибат доғи ту бо хок маро яксон кард!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт? Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Ҷайби номуси маро субҳсифат чок задӣ,
Аз нигаҳ тири ғазаб бар дили ғамнок задӣ!
Ноз гуфтӣ, ба дилам ханҷари бебок задӣ,
Бурдӣ бар авҷу миёни ҳама дар хок задӣ!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт? Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Туғрали зораму умрест ҳаводори туам,
Ҳамчу Мансури аналҳақ ба сари дори туам, Рӯзу шаб аз дилу ҷон толиби дидори туам,
Гар парешонаму ошуфта, вале ёри туам!
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт? Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев