Ба қалби хастаи мо,шӯру шар нест.
Касе то ҳастияш бологузар нест,
Ки дунё аз барои карру фар нест.
Зи мо аъмоли нек монад нишона,
Намонад молу мансаб ҷовидона,
На фахри пул кунеду фахри хона,
Ки дунё аз барои карру фар нест.
Ба хок бинхуфта ёрони ману ту,
Тамоми дӯстдорони ману ту.
Барояд,оқибат ҷони ману ту,
Ки дунё аз барои карру фар нест.
Худо ҳарчи бидод онро бигирӣ,
Набояд шарм кардан аз фақирӣ.
Чӣ меояд ба сар ҳангоми пирӣ...
Ки дунё аз барои карру фар нест.
Дили ғамдидаи моро даво нест,
Ҳама худхоҳу дӯсти ҳамнаво нест.
Дубора байни мардум рафту о нест,
Ки дунё аз барои карру фар нест.
Такаббурро зи дилҳо дур намоед,
Ҳамеша якдигар масрур намоед.
Гаҳе ёде зи Маҳкампур намоед,
Ки дунё аз барои карру фар нест.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев