Предыдущая публикация
Дилам хун шуд,зи ҳар гуфтори Лоиқ.
Ватан гуфту зи андӯҳи Ватан сӯхт,
Гиристан буд ҳамеша кори Лоиқ.
Ба хоки тира бо армони дил рафт,
Дили аз меҳру ишқ саршори Лоиқ
Дигар то омаданҳоӣ қиёмат,
Набинем заррае дидори Лоиқ.
Ба мардӣ мард буд,мардона ҷон дод,
Надидам Лоиқе такрори Лоиқ.
Тамоми зиндагониро бигуфта,
Дили поку дили ғамхори Лоиқ.
Ватандӯсту ҷавонмарди ҳақиқӣ
Касе бошад агар дӯстдори Лоиқ.
Шавад хору залилу паршикаста,
Ҳар он-ки дода буд озори Лоиқ.
Кушода дасту Маҳкампур бигӯяд,
Худо дар ҳарду олам ёри Лоиқ.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
20.05.2023.
Екатеринбург.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев