Фандам макун, азизам, бисёр фанд хӯрдам,
Ман заҳри фандҳоро монанди қанд хӯрдам.
Фандам макун, ки дигар аз пастиҳои қисмат
Ҳамроҳи фанд ҳарфи пасту баланд хӯрдам.
Фандам макун, азизам, ҳазмаш басест мушкил,
Афсӯс, нест дигар зӯру тавони ин дил.
Имруз бо маниву фардо канори дигар,
Фардо агар равонӣ, з-ин рӯзи мо чӣ ҳосил?!
Фандам макун, азизам, ҳарфе магӯ ба гӯшам,
Бори ғамат чу кӯҳе уфтода рӯи дӯшам.
Нози ду чашми зебо-т ман бо баҳои ҷонам
Ҳарбор мехаридам, ин бор мефурӯшам.
Фандам макун, азизам, ҳарфи дигар надорам
Аз фандҳои бешат бо қалби беқарорам.
Ишқе, ки бо дурӯғ аст олуда, бе ягон шак
Безораму гурезон з-ин гуна ишқу ёрам.
Фандам макун, азизам, баҳрам азиз будӣ,
Болотар аз ҳаёту ин ҷон низ будӣ,
Ин дида дер во шуд, ҳушам кунун ба сар зад,
Бо чашми ақл дидам, як бетамиз будӣ.
Фандам макун, азизам, як дам гузор роҳат,
Поёни зиндагиро танҳо кунам саёҳат.
Дер омадаву бар ман гуӣ, "Салом, ишқам!"
Фасли салом бигзашт, акнун Худо паноҳат!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев