1. Нишастан дар саҳаргоҳон барои талаби омурзиш.
"Ва онон, ки саҳаргоҳон талаби омурзиш мекунад" (Оли Имрон - 17)
2. Хилват гузидан барои тафаккур ва андеша.
"Ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд" (Оли Имрон - 191)
3. Ҳамнишинӣ бо солеҳон:
"Ва бо касоне бош, ки Парвардигори худро субҳу шом ёд мекунад" (Каҳф - 28)
4. Зикр
"Худовандро бисёр ёд кунед" (Шуаро - 227)
5. Ду ракъат намози хошеъона.
"Ҳамонҳое, ки дар намози хеш ниёишкунандаанд" (Мӯъминун - 2)
6. Тиловати Қуръон ва тадаббур дар он:
"Оё дар Қуръон намеандешед?" (Муҳаммад - 24)
7. Рӯзадорӣ:
"Рӯзадор хӯрданӣ ва нушидании худро ба хотири ман (Худо) тарк мекунанд". (Ҳадис)
8. Садақаи пинҳонӣ:
"То ҷое, ки дасти чапи ӯ намедонад, ки дасти росташ чи инфоқ (садақа) кардааст" (Ҳадис)
9. Бартараф кардани ранҷу мушкилоти мусалмоне:
"Ҳар касе мушкили мусалмонеро ҳал кунад, Худованд мушкилоти охирати ӯро ҳал хоҳад кард" (Ҳадис)
10. Беалоқа будан ба дунёи фонӣ:
"Ва охират беҳтар ва пояндатар аст". (Аъло - 17)
АЗ ҲАР ЗОВИЯ t.me/azharzoveya
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1