Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (разияллоҳу анҳ) рӯзе барои тамошои замини зироаташ ба саҳро рафт. Ӯ вориди нахлистони шахсе шуд, ки ғуломи сиёҳпӯсте дар он кор мекард. Ғулом таомашро, ки ҳамагӣ се тикка нон буд, баровард то бихӯрад. Дар ин ҳангом саге ба ғулом наздик шуд. Ғулом як пора нонро пеши саг гузошт. Саг онро хӯрд ва ғулом пораи дуюм ва сеюмро низ пеши саг гузошт.
Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, ки ин саҳнаро дид, пурсид: Эй ғулом, таоми имрӯзаат чист?
Ғулом гуфт: Ҳамин се пора ноне, ки дидед.
Ибни Ҷаъфар пурсид: Пас чаро ҳамаи онро ба саг додӣ?
Ғулом гуфт: Инҷо маконе нест, ки сагҳо дар он зиндагӣ кунанд ва ин саг аз роҳи дуре омада ва бисёр гурусна низ буд. Пас дӯст надоштам, ки ба ӯ чизе надиҳам.
Абдуллоҳ пурсид: Ҳоло чи кор мекунӣ?
Ғулом гуфт: Имрӯз гурусна меистам.
Абдуллоҳ гуфт: Маро ба хотири саховати зиёдам васф мекунанд, дар ҳоле ки ин ғулом аз ман бахшандатар аст.
Пас Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар нахлистонро бо он ғулом харид ва ӯро озод сохт ва нахлистонро ба ӯ бахшид.
Ғулом гуфт: Агар инҳо моли ман аст, пас ҳамаро дар роҳи Худо бахшидам.
Ин кори ғулом дар назари Абдуллоҳ бисёр бузург намуд ва гуфт: Оё ӯ бахшиш мекунад ва ман бухл варзам? Ҳаргиз чунин нахоҳад буд.
Ин аст сабқат гирифтан дар анҷоми корҳои нек. Ин ғулом бардаи беш набуд, аммо бахшиш ва саховаташ боис шуд, ки озод гардад ва намунаи некӣ барои дигарон шавад. Бо вуҷуди шуҳрати Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ба бахшишу саховатмандӣ, ӯ ғуломро аз худ саховатмандтар дид, зеро ғулом ғайр аз он се тикка нон, чизи дигаре барои ғизои рӯзонааш надошт ва алорағми он ки худаш ба он ниёз дошт, онро ба ҳайвони безабон бахшид. Ин амал, алоқаи ӯ ба подоши илоҳиро нишон медод, ки бо он, намунаи инсони нек ва ростин бошад.
Худованди мутаол мефармояд: Ҳаргиз некӯкориро наёбед, магар он ки аз он чи дӯст медоред, харҷ кунед; ва Худо ба ҳар чиз, ки харҷ кунед, Доност. (Оли Имрон - 92)
Паёмбар (салому дуруди Худо бар ӯ) фармуданд: "Рӯзе нест, ки дар он бандагон бедор шаванд, магар ин ки ду фариштае нозил мешавад ва яке мегӯяд: Парвардигоро, ба садақакунанда иваз бидеҳ ва дигаре мегӯяд: Парвардигоро, ба бахил нобудӣ ва талаф бидеҳ". (Бухорӣ ва Муслим)
📗 Ҳарчи кунӣ, бо худ кунӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев