БОЗ ЯК РӮЗИ ҒАМУ ШОДӢ ГУЗАШТ
✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨
Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт
Дар талоши қисмату номусу ном.
Боз як хуршед моро тарк гуфт,
Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом.
Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон, шаб ба хайр!
Боз як рӯзе гузашту даррабуд
Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ.
Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал
Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ.
Шаб ба хайр, эй дӯстдорон, шаб ба хайр
✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨
Ҳеҷ шабе поёни зиндагӣ нест.
Аз паси шаб дубора Хуршед тулӯъ мекунад ва башорати рӯзи дигар медиҳад.Ин яъне умед ҳаргиз намемирад ....
Боз канори пайвандону фарзандон буданатон ғанимат.
Бар қадри ҳамдигар бирасед пасон ангушти надоматро газидан чӣ суд .
Биёед дар зинда будамон қадри ҳамдигарро бидонем чӣ волидайн, чӣ ҳамсар, пайвандону фарзандонамон. Умедатон рӯзафзуну шабатон нуронӣ бодо азизони дил...
✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨
БО УМЕДИ ЯК СУБҲИ БОСАФФО ХУҶАСТАИ ДИГАР АЗИЗОНИ ДИЛ.
ХУДО ҲОФИЗ !!!
🌉🌃🌉🌃🌉🌃🌉🌃🌉🌃🌉🌃🌉
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 74