Ҳаракати Ҷиҳоди Исломӣ субҳи сешанбе гуфт, ки нақшаи раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Ғазза, дастур-ул-амали идомаи таҷовуз ва таркиши минтақа аст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳаракати муқовимати Ҷиҳоди Исломии Фаластин субҳи сешанбе нақшаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои поёни додан ба ҷанги Ғазза маҳкум кард.
Ҷиҳоди Исломӣ дар баёнияе гуфт: “Он чи дар конференсияи матбуотӣ байни Трамп ва Нетаняҳу эълон шуд, дастур-ул-амали идомаи таҷовуз аст”.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” ба нақл аз ин баёния гузориш дод: “Исроил кӯшиш мекунад тавассути Амрико он чиро ки ба роҳи ҷанг натавониста ба даст орад, таҳмил кунад”.
Дар ин баёния инчунин омадааст: “Мо ин эълонияи амрикоӣ-исроилиро дастур-ул-амале барои таркиши минтақа медонем”. https://tajikpress.com/2025/09/30/%d2%b3%d1%83%d1%88%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%b7%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b4%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d0%bc%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев