Вазирати тандурустии Фаластин дар Ғазза эълон кард, ки шумори шаҳидони ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза ба 62 ҳазору 686 нафар расидааст.
Ба гузорииши ТоҷикПресс, Вазирати тандурустии Фаластин дар Ғазза бо судури баёнияе тозатарин омори шаҳидону захмиҳои ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз ҳафтуми октябри соли гузашта то ҳолро эълон кард.
Бар асоси эълони Вазирати тандурустии Фаластин дар Ғазза, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то ин лаҳза, 62 ҳазору 686 нафар ба шаҳодат расидаанд.
Инчунин ин наҳоди тиббии фаластинӣ баён кард, ки шумори умумии захмиҳои ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз оғози ҷанг дар ин минтақа ба 157 ҳазору 951 нафар расидааст.
Ин вазорат эълон кард, ки тӯли 24 соати гузашта инчунин пайкари 64 шаҳид ба беморхонда интиқол дода шудааст. Инчунин дар ин муддат 278 нафар низ захмӣ шудаанд. https://tajikpress.com/2025/08/24/%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-62-%d2%b3%d0%b0%d0%b7%d0%be%d1%80%d1%83-686-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев