________________________________________________
Кас дил намедиҳад ба ҳабибе, ки бевафост,
Аввал ҳабиби ман ба Худо бевафо набуд...
❤❤
Бар дилбари девона бигӯед биёяд,
Девона чу девона бубинад хушаш ояд.
❤❤
Умри моро мӯҳлати имрӯзу фардои ту нест,
Мо, ки як имрӯз меҳмони туем фардо чаро?
❤❤
Бо шайх аз шароб ҳикоят макун, ки шайх,
То хуни халқ ҳаст, нанӯшад шаробро.
❤❤
Солҳо шуд рафта дамсозам зи даст, аммо ҳанӯз,
Дар дарунам зинда ҳасту зиндагонӣ мекунад.
❤❤
Дар диёре, ки дар ӯ нест касе ёри касе,
Кош, ё раб, ки наяфтад ба касе кори касе.
❤❤
Дил ба ҳиҷрони ту умрест шикебост, вале
Бори пирӣ шиканад пушти шикебоиро...
❤❤
Мемираму зи васли ту ҳарфе намезанам,
Ҳарфи висолро ки сияҳрӯ намезанад...
❤❤
Бегона шумурданд, маро дар ватани хеш,
То беватану аз ҳама бегона бимирам...
❤❤
Ин шакархоби ҷавонист, ки чун бод гузашт,
Вой аз ин умр, ки афсонаву руъё бошад...
❤❤
УСТОД МУҲАММАДҲУСАЙНИ ШАҲРИЁР✍🏻


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев