__Ҳам ваъдаҳои пур зи таманно дурӯғ буд?
___Бо сад алам зи ҷабри фалак қисса карданат ,
__Он дардҳову ғуссаву савдо дурӯғ буд?
___Ҳаргоҳ, ки камнамо шавам аз пушти кору бор,
__Кардан сиришки хеш чу дарё дурӯғ буд?
___Он "дӯст дорамат" магар буд аз сари забон?
__Он розҳои чу шеър гуворо дурӯғ буд?
___Ман рашкбону гуфтаам аз содагӣ туро,
__Он рашкҳову қаҳру тавалло дурӯғ буд?
___Дар соати висол шукуфтан мисоли субҳ,
Гулхандаҳои хушу дилоро дурӯғ __буд?
___Гар аз пайи саодати худ меравӣ, бирав,
__Ҳаргиз магӯ муҳаббати Сино дурӯғ буд!
ОДИНОКИЙ ПУТНИК .
ЭЗОҲ:
Маънии ишқ чист?
Гуфтӣ зи ишқ гуфтанат фанду дуруғ буд?
Қалбат тиҳиву ори зи нуру фурӯғ буд,
Лекин дуруғи ишқ набуд сӯзу оҳи ту.
Ман ҳис кардаам, ки фурӯғи нигоҳи ту,
Лабрези меҳр буд, лабрези ишқ буд.
___Ин ҳам дурӯғ буд?
Рузе, ки сози ишқи ману ту ба сад наво,
Оҳанги васлу табли вафоро ҳаменавохт.
Рузе, ки осмон зи шавқи висоли мо,
Аз базми дилнавози муҳаббат ҳамешикофт.
___Ин ҳам дурӯғ буд?
Ту бо ҳазор ҳасрату меҳру вафову ишқ,
Меомадӣ ба даргаҳам бо оҳи дилфигор.
Оғуши ту барои ман лабрези меҳр буд,
Ҳастии ман барои ту афсонаи ҳазор.
___Ин ҳам дурӯғ буд?
Пас бо ҳазор ҳасрату дарду вафо дигар,
Ошиқтарини ошиқон дар ин замона кист?
Пас ин ҳама дуруғ бувад,вою сад дареғ,
Маънии ишқро бигу охир, ки чист...?Чист...???
___Ин ҳам дурӯғ буд???
ФОСИЛА.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев