Свернуть поиск
Ту нести, аммо хотираат мондааст — ва ҳамин хотираст, ки дилро зинда нигоҳ медорад.
Бале, сардиҳо бисёр шуданд, боронҳо зиёд шуданд…
Дил каме шикастааст, каме захмӣ шудааст, вале ҳоло ҳам бо номи ту мезанад.
Аз вақте рафти, бисёр чизҳо ранги дигар гирифтанд: ханда кам шуд, хоб ноором шуд, фикрҳо парешон шуданд… Чашмҳо ба аксҳо одат карданд, чунки худат набудӣ. Ва ҳар бор, ки мехоҳам чизеро бифаҳмам, боз ҳам ба як хулоса меоям — муҳаббат чизе нест, ки бо ақл фаҳмида шавад.
Ман медонам — на ҳама чизро метавон гуфт, баъзеҳо танҳо навишта мешаванд.
Чун дили инсон дар баъзе лаҳзаҳо танҳо ба хат бовар мекунад....
0 комментариев
1 класс
МОДАР❤️
Модар - ин як калима нест, ин тамоми дунё аст.
Вақте ҳама мераванд, модар мемонад.
Вақте ҳама хомӯш мешаванд, модар мепурсад: "духтарам, чӣ шуд?"
Дастони модар хаста аст, аммо ҳеҷ гоҳ аз навозиш монда намешавад.
Дилаш дард дорад, аммо ҳеҷ гоҳ аз дӯст доштан монда намешавад.
Модар, ту беҳтарин неъмати Худо ҳастӣ.
Ту ҳастӣ - ман ҳастам.
Ту механадӣ - дунёи ман равшан мешавад.
Ман шояд ҳар чизро фаромӯш кунам, аммо меҳри туро - ҳеҷ гоҳ не.
Модарҷон, зинда бош, саломат бош.
То ту ҳастӣ, ман танҳо нестам.
То ту ҳастӣ, ман хушбахттарин духтари дунёям.
Туро дӯст медорам, модар. Беҳад дӯст медорам.
0 комментариев
1 класс
загрузка
Показать ещёДополнительная колонка
О группе
Озурдаӣ азизам, аз ҳарфу аз ҳадисам,
Осуда бош акнун, дигар наменависам...
😥😔💔💔💔💔💔
Показать еще
Скрыть информацию
Фото из альбомов
Правая колонка