Предыдущая публикация
Шеър ҳам бе ту ба буғзе абадӣ занҷир аст.
Ончунон мефишурад фосила роҳи нафасам,
Ки агар зуд, агар зуд наёӣ, дер аст.
Рафтанат нуқтаи поёни хушиҳоям буд,
Дилам аз ҳарчиву ҳар кас, ки бигӯӣ, сер аст.
Сояе монда зи ман бе ту дар ин оина ҳам
Тарҳи хокистариаш гунгтарин тасвир аст.
Хоб дидам ки бароям ғазале мехондӣ:
"Дӯстам дориву ин содатарин таъбир аст."
Кош мебудию бо чашми худат медидӣ,
Ки чӣ гуна нафасам бо ғами ту даргир аст.
Торҳои нафасамро ба замон мебофам,
Ки ту шояд бирасӣ, ҳайф, ки бетаъсир аст!!****
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев