Худованди муҳаббатро ба чашми дил назар кардам.
Ба ҳар ҷо донаи меҳре зи хоки ошиқон ҷустам,
Дили муштоқи абруро, хушо аз худ бадар кардам.
Гузаштам аз сари майхонаву базму тараб, ин ҷо
Ба базми доҳиёни хилваташ ду дида тар кардам.
Ба ҳар чоҳе к-аз он буи Юсуфро ҷустаам, аммо
Зулайхоро ба гирдоби ғамаш хуни ҷигар кардам.
Аз он нақше, ки андар сина дорад, теғи миҷгонаш
Кашида хуни дилро сурмаи чашми саҳар кардам.
Сари ҳар қуллаи мино баёзам сури Исрофил,
Дили санги қазо бишкаст, қазоро пушти сар кардам.
Санояшро ба хати куфӣ бинвиштам, зи оби чашм
Кутуби лоязолиро абиру симу зар кардам.
Нишастам к-он даме банди фироқаш як-ду-се рузе,
Пас он аз шавқи дидораш чу муштоқон сафар кардам,
Калиди хонаи он гулбаданро гум намудам, гум,
Дару даргоҳи ҳаҷрашро кунун бе бому дар кардам.
Зи ангушти лабаш бинвишт хумори буса Пайдовар,
Шарори бусаро равшантар аз шамсу қамар кардам.
Шараф Пайдовар Умарзода
28.10.2022.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев