ЗУМРАД бо табиати нодиру афсункор, манзараҳои зебову диққатҷалбкунанда, ҳавои софу беғубору нафаскашиданӣ, дарёи шӯху тезоби кӯҳию ҳавзҳои пуроб, дарахту буттаю нимбуттаҳои сояафкану мевадеҳи худ аз қадимулайём манба сиҳатию саломатии мардум буд , ҳаст ва мемонад.
Осоишгоҳи ЗУМРАД дар қисмати ҷанубу ғарбии водии хушбодуҳавои Фарғона, дар соҳили дарёи шӯхоби Исфара , дар баландии 900 - 950 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 3 км. дуртар аз маркази шаҳр, дар нишебиҳои кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Варорӯд доман паҳн кардааст.
Ҳудуди умумии истироҳатгоҳ зиёда аз 20 гектарро фаро гирифта, атрофи он ба буттаю нимбутта ва гулҳои рангоранги мавсимӣ оро дода шудааст.
Дарёчаи шӯху пуроби Исфара аз па