Ҷавоне дар кучаҳои Макка ангуштарине пайдо намуд. Чун кучаи заргарон буд ба ӯ гуфтанд, ки моли гаронбаҳост. Ҷавон гуфт:
-Медонам, аммо ин моли ман нест. Аз кист!?
Гуфтанд:
-Аз ину он бипурс.
Ҷавон пурсон шуд ва билохира маълум шуд, ки моли як яҳудист. Ҷавон ангуштаринро назди яҳуди овард. Яҳуди ҳайрон шуд ва гуфт:
-Шумо медонистед, ки ин моли гарон асту соҳибаш ҳам як яҳудии номусалмон аст. Чи ангезае сабаб шуд ки ангуштарро ба назди ман орӣ?
Ҷавон посухи ҷолибе дод:
-Дар хаёлам омад, ки дар рӯзи қиёмат қарор дорам. Ҳазрати Муҳаммад(с.а.в) ва ҳазрати Мусо(а) нишаста буданду ҳардуи моро ба наздашон оварданд. Ҳазрати Мусо(а) рӯй ба паёмбари Худо (с.а.в) оварду гуфт: "Оё ба пайравонат ёд надоди,ки ҳақи мардумонро нахуранд, моли мардумро баргардонанд". Дар хаёлам дидам,ки паёмбараи Худо(с.а.в) сар ба зер афканду хиҷил шуданд. Ман намехоҳам, ки фардо рӯзи қиёмат боиси шармсории ҳазрати Муҳаммад(с.а.в) гардам.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1