Вақте, ки фаҳмидам шавҳарам дар Facebook ҳамроҳи як духтар чат мекард духтар номашро (Парвонаи тиллоӣ) мондаст. Паёмҳояшро дона ба дона чек кардам, дидам ки бо ҳам гапҳои ошиқона гуфтан ва ваъдаҳои арусиҳам кардан. Шавҳарам ҳам номи худро (Бачаи ҷаҳондида) монда буд. Як фикр кардам, ки бояд аз ӯ интиқом бигирам. Рафтам барои худам як Facebook бо номи писар кушодам. Дар профилам матнҳои тарснокро пост кардам. Ва баъд як паём ҳам ба шавҳарам равон кардам, ки ин духтаре ки номаш Парвонаи Тилоӣ аст зани ман аст ва ман дар мавриди ту ҳама чизро медонам. Номи аслияшро ва номи модар, хоҳар, падар, бародар, куҷо зиндагӣ мекунад, дар куҷо кор мекунад барояш гуфтам. Ва барояш гуфтам Ба Худо қасам агар як дафъаи дигар дар фейсбук дидамат гарданатро аз сарат ҷудо мекунам.
Хулоса рӯзи баъд дидам сураташ сурху зард аз хона берун намерафт, Facebook, WhatsApp, Viber, Telegram ҳамаашонро ҳазф кард ва як телефони одди харид. Ва ҳар мавқеъ вақти намозҳоро аз ман мепурсид, ҳамин тавр ҳам намозхон шуд.....(?)
_______________________________
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4