Профессори ҳуқуқ ҳангоми лексия ногоҳ донишҷӯи ҷавонро аз ҷой хезонд ва пурсид:
- Номи Шумо чист?
Донишҷӯй дар посух гуфт:
- Номи ман Муҳаммад аст.
Профессор ба чашмони донишҷӯ нигариста гуфт:
- Муҳаммад аз дарси ман хориҷ шавед. Хоҳиш аз зал бароед - профессор ӯро бесабаб хориҷ кард.
Донишҷӯ хост худро муҳофизат кунад, аммо профессор ӯро шикаст, аз зали лексия берун кард.
Донишҷӯёни дигар эҳсоси беадолатӣ карданд, аммо ба ҳодисаи пеш омада хомӯш монданд.
Сипас, профессор аз донишҷӯён пурсид:
- Чаро қонунҳо қабул карда мешаванд?
Як донишҷӯ даст бардошт гуфт:
- Барои назорат кардани рафтори одамон.
Донишҷӯи дигар гуфт:
- Ҳоло дар амал татбиқ карда намешавад.
Донишҷӯи сеюм гуфт:
- То тавонем заифонро зулм накунем.
Профессор пас аз ҷавобҳои донишҷӯён зери лаб:
- Ҳа! - бо каме сукут идома дод - Аммо ин посухҳо кофӣ нест.
Донишҷӯ духтаре дасташро боло кард, ҷавоб дод:
- То он даме ки адолат ба даст наояд.
Профессор дар ҷавоб бо садои баланд, ангушти худро ба донишҷӯ духтар ишорат карда гуфт:
- Ҳа! Ин ҷавоб дуруст аст. Барои он ки адолат ғалаба кунад.
Профессор баргашт дар тахтаисинф бо ҳарфҳои калон "АДОЛАТ" навишт ва онро дар дохили давра гирифта гуфт:
- Ва ҳоло! Маънои адолат дар чист?
Донишҷӯ духтар ҷавоб дод:
- То ин ки ҳуқуқҳо ҳифз карда шаванд ва касе ба касе осеб нарасонад.
Профессор гуфт:
- Ҳозир бе тарсу ҳарос ҷавоб диҳед. Вақте, ман Муҳаммад ҳамкурси Шуморо хориҷ кардам, ба ҳамкурси Шумо осеб расонидам?
Ҳама гуфтанд:
- Бале!
Профессор бо садои баланд гуфт:
- Пас чаро Шумо хомӯш мондед ва коре накардед? Агар мо ҷуръати татбиқи онҳоро надорем - бо садои каме паст, профессор идома дод - пас қонунҳо чӣ суд? Агар Шумо ҳангоми осебҳ дидани касе хомӯш бошед, ҳуқуқҳои ӯро ҳимоят накунед, Шумо инсондӯстии худро аз даст медиҳед ва инсоният ғайри қобили амал мегардад.
Пас аз он профессор ба донишҷӯе, ки ӯро ихроҷ кард, занг зад, аз ӯ ва аз ҳамаи донишҷӯён узр пурсиду гуфт:
- Ин амали имрӯз дарси Шумо буд ва Шумо бояд онро дар ҷомеа ҳамчун ҳуқуқшинос дар зиндагии рӯзмарраи худ тадбиқ кунед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1