
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.
Дар мотами пажмурдани гулҳои умедам,
Бигзор,ки чун абр ба гулзор бигирям.
Ӯ рафт умеди дили ман дур шуд аз ман,
Бигзор,ки аз дурии дилдор бигирям.
Дар вартаи девонагиям мекушад ин ишқ
Бигзор дар ин оқибати кор бигирям.
Бигзор бигирям ману бигзор бигирям,
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям...


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев