🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼 Сиррест миёни дили мардони Худо , Ҷибраил дар он миён нагунҷад ба талаб. Бо лаби сурхат маро ёди Худо андохтӣ, Рӯзгорат хуш, ки аз майхона масҷид сохтӣ. Ман ба хок афтодам, аммо ин ҷавонмардӣ набуд Метавонистӣ натози бар ман, аммо тохтӣ. Эй кӣ гуфтӣ ишқро, аз ёд бурдан сахт нест, "Ишқ"-ро шояд, вале "маро" ҳаргиз нашнохтӣ. ▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️ Инқадр маяндеш ба дарёшудан эй руд , Ҳарҷо биравӣ, боз гирифтори заминӣ. Эй ақл бипарҳезу магӯ ишқ чунон аст, Эй ишқ куҷоӣ, ки бибинанд, ки чунинӣ. Ҳам ҳезуми сангинсарии дузахиёнӣ, Ҳам боғи сабуксояи Фирдавси баринӣ. Ассалому алайкум... Бетафоввут бош, чун ҳар чизе арзиши фикркардан надорад. Шодӣ чизе нест ҷуз доштани тани солим ва як ҳофизаи заиф. Хушбахтӣ чизе аст, ки вақте бо дигарон саҳим мешавӣ, чанд баробар мешавад. Танҳо касоне дар байни шумо воқеан шод хоҳанд буд, ки роҳе барои хидмат кардан ба дигаронро ҷустуҷӯ ва пайдо кунанд. Дар охар фақат се чиз муҳим аст : Чи қадр ишқ варзидӣ... Чиқадр ором зиндагӣ кардӣ... Ва чиқадр дилпазир аз чизҳое даст кашидӣ, ки барои ту набуданд! Он чизе ки Худо барот канор гузоштааст саҳми ҳеҷ каси дигаре намешавад... Ба Худо эътимод кун! Одамӣ ... Бе худ ба худ намеафтад; Агар биафтад, аз ҳамон самте аст, ки ба Худо такя накардааст... Ба Худо такя кун ! Субҳатон ба накҳати хайр... Бо чаҳ-чаҳи шодӣ.... Бо таровати ишқ.... Бо зулолии меҳр... Ба софии саломатии тан хайрамақдами дилҳо буда бошад , Ҳаводорони ҳавои бомдодӣ ! 🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼🌼
    72 комментария
    23 класса
    🥀Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи вас салам мефармоянд: ______Рафтан ба намози Ҷумъа ҳам дидор асту ҳам зебои..✍🏻
    2 комментария
    8 классов
    САВОЛ - МУАММО..... АЗ АЪЗОИ ГУРӮҲ ВА ХОНАНДАИ МО , НАСИМ ШОЕВ....... Як ҷавони найнавоз будааст ...Дар гушаи шаҳр танҳои танҳо зиндагӣ мекардаст...дар ҳавлии хонаш гулҳои зиёде руида будааст... ҳар шом ҷавон назди тирезаи кушода нишаста бо ҳавас най менавохтааст...Як шом чун ҳарвақта бо ҳавас най менавохт аз дар духтаре ворид шуда , кунҷе то субх менишинад ва чун субҳ мешавад баромада меравад... Ин воқеъа чанд вақт ҳамин гуна такрор мешавад ...шом духтар меояду саҳар меравад....хуллас ҷавон ба ин духтар дил мебандад ва ҳар шомро мунтазир мешавад ...инак шоме чун бо завқ най менавозад духтар омада бо шавқ гӯш мекунад ва чун субҳ наздик мешавад , духтар майли рафтан мекунад ва ҷавон давида монеъа мешавад ва аз у суроғаву шахсият мепурсад ва хоҳиш мекунад ки дигар наравад Духтар мегуяд , ки : " Ман яке аз гулҳои ҳамин боғам ва Худоро зора кардам , то инсон кунаду мусиқиатро гӯш кунам ва шарт ҳамин аст , ки то саҳар муҳлат дорам , яьне боз субҳ рафта гул мешавам ....Агар хоҳи минбаьд бо ту бошам рафта аз байни гулҳо бо як дидан маро биёбед , агар ёфтед , пас бо ту мемонам агар не дигар гул боқӣ мемонам... Хуллас ҷавон розӣ шуда пас аз он ки духтар рафта гул мешавад хуб ба гулҳо назар мекунад ва ӯро меёбад... Акнун бигуед , ки ҷавон чи тавр аз байни гулҳои якхелаю бисёр уро ёфт....???
    41 комментарий
    19 классов
    🌓🌠🌘🌔🌠🌓🌘🌔🌠🌓🌗🌔🌠🌔🌗🌠 АССАЛАМУ АЛАЙКУМ..... ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙРУ ХУШӢ  ! Ба ҳар як аъзои гурӯҳ гуфтаниям  : Ман имшаб дастҳоямро бурдаам боло...🤲... Супурдам дил ба он воло, ☝️.... Ва аз умқи вуҷуди худ , Худоямро садо кардам..... Намедонам чи мехоҳӣ ? Вале имшаб барои Ту , Барои рафъи ғамҳоят. Барои қалби зебоят,❤️ Барои орзуҳоят.... Ба даргоҳаш дуо кардам. ☝️🤲 Ва медонам Худо аз орзуҳоят хабар дорад .... Ва дар қалбам яқин дорам..... Дуоҳоям асар дорад.....🤲 Имшаб , ки пагоҳаш Ҷумъаи Саид аст , бигзор  шаби иҷобати дуоҳоятон бошаду шаби амалӣ гаштани орзуҳоятон ...🤲 ШАБИ ХУШ   ! 🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌
    113 комментариев
    11 классов
    🌼🌷🌼🌷🌼🌷🌼🌹🌼🌷🌼🌷🌼🌷🌼🌷 Ассалому алайкум ...... СУБҲАТОН БА ХАЙР  ! Рузатон пур аз шодиву нишот ва хушу гуворо гузарад..! Сиҳатии комил ,  қалби пурумед , андешаҳои солим  ва субҳу рӯзи беҳтаринро бароятон хоҳонам АЗИЗОН ! 💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐 Эй саҳар, рух кушо, ҳиҷоб мабанд, Рӯсарие ҷуз офтоб мабанд. Дари ин меҳмонсароятро , Лутф кун, бо чунин шитоб мабанд. Қисмат аз туву интихоб аз мост, Дил, дило, роҳи интихоб мабанд. Дӯст, дастам бигиру дар раҳи ман Оташу хоку боду об мабанд. Чор бандам ба чор сура кушо, Мушти дилро ба тоб – тоб мабанд. Он тараф чист? Хобу дигар ҳеҷ, Ҳолиё чашмро ба хоб мабанд. Гуфтаӣ:  табиист фитнаи  Офоқ, Бар мани мурда ин савоб мабанд... 🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹 ХУДО  ЁРУ ЁВАРАТОН БОШАДУ  СУБҲУ РУЗИ БЕҲТАРИНЕ БОШАД , БАРОЯТОН ИМРӮЗ.... СУБҲ БА ХАЙР  ! 🌼🌺🌼🌺🌼🌺🌼🌺🌼🌺🌼🌺🌼🌺🌼🌺..
    140 комментариев
    21 класс
    Зиндагӣ зарраи коҳест, ки кӯҳаш кардем. Зиндагӣ номи накӯест, ки хораш кардем Зиндагӣ нест баҷуз нам-нами борони баҳор, Зиндагӣ нест баҷуз дидани ёр , Зиндагӣ нест баҷуз ишқ , Баҷуз ҳарфи муҳаббат ба касе , Варна ҳар хору хасе , Зиндагӣ карда басе , Зиндагӣ таҷрибаи талхи фаровон дорад , Ду се то кӯчаву пас кӯчаву андозаи як умр биёбон дорад. Мо чӣ кардем ва чӣ хоҳем кард дар ин фурсати кам ?! ... Суҳроб Сипеҳрӣ
    5 комментариев
    14 классов
    Субҳ хестам то ин ки молҳоро ба молчаронҳо бурда супорам, вақте аз онҷо ба сӯи хона меомадам зани ҳамсоя бо ман сӯҳбат оғоз кард. - Писарам Камол, писари ман се сол боз дар Русия қарор дорад як бор дар зангҳо номи маро намегирад, бо падараш сӯҳбат мекунад халос. Шавҳарам пулҳои равонкардаи писарамро ҷамъ мекунад. Медони Камол ҳар рӯз субҳ қандчой, нисфирӯзӣ ва шаб хӯроки оди истеъмол мекунам. Чашми модар аз ашк пур шуд. Гиря накун модар, гуфтам ман... Чанд вақт аз миён гузашт аҳволи модар бад шуд. Модар доимо писарашро мепурсид, аз ҷиҳати равонӣ низ модар хуб набуд. Доимо рӯяш ба тарафи дигари хона гардонда шуда буд ва касе аз дар медаромад нигоҳ намекард.Ҳамсояҳо вазъи саломатии ӯро дида раҳмашон меомад ва ба ман мегуфтанд:- Камол чи мешавад ту дарои гуйи:- "Оча ман омадам" шояд ки нигоҳ накунад ба тарафи дар, овозатро шунавад шояд аз хурсанди ҷон ба ҳақ супорад. Охир ӯ танҳо барои дидори фарзанд интизор истода аст набинад дар дилаш армон мемонад. Биё зиёд азоб накашад дигар диле надорем барои дидани вазъи бемории ӯ... Билохира раҳмам омад, як рӯз ба хонаи ҳамсоя даромадам ба ҳуҷраи модари бемор рафтам даро кушода ворид шудаму овоз баровардам:- Оча ман омадам, писарат Рамазон! Ончунон баданамро ларза гирифт дунё ба назарам торик шуд, дилам аз фарзандорӣ низ монд. Модар баъди вақтҳои тӯлонӣ бори аввал ба тарафи дар нигоҳ карду овозе баровард:- Эҳҳҳ! Ва рӯяшро боз ҳамон тараф гардонд ва дигар овозе набаровард. Модар фаҳмид ки писараш намеояд ё шояд сарнавиште ки дошт ба охир расид намедонам, ҷонро ба ҳақ супурд... Ба чунин лаҳза як бори дигар дучор шуда будам, пиразане ҳар рӯз ба кӯча мебаромад писари маро надидед мегуфт, писараш кай ба ёди модар буд, модараш армон дар дил ҷон дод... Фардо субҳ писараш омад. Ман ба писараш гуфтам:-чаро омадӣ! Як ҷаноза бошад мардуми мо мардуми бо нангу ор ҳастанд худашон мегузаронанд. Маросими дафн ба анҷом расид... Баъди се рӯз Рамазон омада ба ман гуфт:- Камол ту буққаи фурӯшӣ доштаӣ, биё ба ман фурӯш, маъракаро гузаронам. Ман гуфтам:- Ба дигарон бе пул медиҳам, аммо ба ту намефурӯшам. Баъдан нони туро ягон одами мисли худат нахӯрад, дигарҳо аллакай аз ту нафрат доранд, ман ҳам аз имрӯз дигар тасаввур мекунам мисли ту одам барои ман мурдааст. ✍️Азамат Астанаев 01 01 2024. Бохтар
    2 комментария
    27 классов
    🥀__❤__Ман хеле азиятат мекунам...❤ Хеле нороҳатат мекунам Хеле хастаат мекунам Хеле асабоният мекунам Вале боз ҳам ту танҳо касе, ҳасти.. Ки аз таҳи дил дусташ дорам...❤🥹
    1 комментарий
    19 классов
    ҲИКМАТ Рӯзе гурӯҳе аз ғори торик убур мекарданд. Ҳеҷ чиз маълум набуд. Каме пештар зери пойҳояшон сангҳои мухталифе эҳсос мекарданд. Дар ин лаҳза сардорашон гуфт: - Инҳо санги ҳасрат ҳастанд, ҳар кӣ бардорад ҳасрат мехӯрад ва ҳар кас барнадорад боз ҳасрат хоҳад хӯрд. Бархе аз онҳо гуфтанд чӣ фарқ? Бардорем ва ё барнадорем натиҷа як чиз будаст, пас чаро бори худро сангин кунем. Гурӯҳи дигар гуфтанд зарар надорад барои савғот бо худ мебарем. Вақте аз ғор берун омаданд, фаҳмиданд, ки ғор пур будаст аз сангҳои қимматбаҳо... онҳое, ки набардоштанд, саросар ҳасрат хӯрданд ва боқимондаҳо низ ҳасрат хӯрданд, ки чаро бештар набардоштанд. Зиндагӣ мисли роҳ рафтан дар чунин ғорест. Агар баҳра нагирем, ҳасрат мехӯрем ва агар бардорем ҳам ҳасрат мехӯрем, ки чаро кам бардоштем. Пас кӯшиш кунем, ҳар чӣ бештар аз он баҳра бигирем. ....(?) /Xirad
    1 комментарий
    13 классов
    2 комментария
    9 классов
Увлечения

Публикации автора

В ОК обновились Увлечения! Смотрите публикации, задавайте вопросы, делитесь своими увлечениями в ОК