Предыдущая публикация
Нимаи гумгаштаатро дер пайдо мекунӣ,
Сар биҷунбонӣ, худатро пир пайдо мекунӣ.
Дар мадори рӯзгору гардиши чархи фалак,
Оқибат рӯзе ту ҳам тағйир пайдо мекунӣ.
Кӯдакӣ чун бодбодак бо насиме меравад,
Хешро бозичаи тақдир пайдо мекунӣ.
Навҷавонӣ, ошиқӣ, девонагӣ, саргаштагӣ
Мегурезад аз ту то тадбир пайдо мекунӣ.
Ишқро дар интизори талху бепоёни худ,
Дар ғуруби ҷумъае дилгир пайдо мекунӣ.
Мерасӣ рӯзе ба он чизе, ки мехоҳӣ, вале
Дар расиданҳои худ таъхир пайдо мекунӣ.
Чашм медӯзӣ ба ӯ аз дур, мепурсӣ: Чаро?!
Нимаи гумгаштаатро дер пайдо мекунӣ.
Соноз_Рауф✍
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев