Назарбегим пас аз чандин соли бефарзандӣ сарторик шуд. Ӯ на танҳо худаш худро эҳтиёт мекард, балки хушдоманаш бештар дар фикри эҳтиёти ӯ буд. Ӯро аз обу коҳ кардани гову мол, рӯфтани оғил, аз чашма об овардан озод карда буд. Тарафи асп-ку тамоман иҷозати рафтан надошт. Назарбегим фақат таом мепухту хонаву ҳавлиро рӯбу чин мекард. Мақсади хушдоман набераашро ба ҳар қимате ба даст овардан буд. Охир панҷ-шаш сол аст, ки писараш дар фикри фарзанд аст. Гадоӣ аз мардбачаҳои деҳа аст. Дар кишту кор, ҳамсоядорӣ ва одамгарӣ назир надорад. Дар бузкашӣ беқиёс аст. Ягон човандоз пеши роҳашро гирифта наметавонад, агар яктан буз кашидан хоҳад. Дар он шабурӯз он чи ки ба модару ҳамсарашро намефорад, ин дар бузкашиҳо иштирок карданаш ӯст. Онҳо ва дигарон низ медонанд, ки дар охири бозӣ, ки дар заминҳои деҳаашон мегузарад, бузи танӣ насиби ӯ хоҳад шуд. Човандозон барои ба даст овардани бузи танӣ камтар аз соҳиб шудан ба шутуру аспу гов часпу талош намекунанд. Мегӯӣ, ки ба ҳамдигар одамкушӣ мекунанд. Агарне ҳамагӣ ду-се табақ гӯшти лахт-лахту устухонҳояш ғавдалабод мешаваду халос. Аммо ном дорад, ном. Таниро фалонӣ гирифт. Фалонӣ мурданро ба кала гирифту таниро аз даст додан не. Шӯру шари охири бозӣ ҳам дар ҳамин аст. Аспи ӯ дар байни аспҳои дигар хеле усто аст. Ӯ-ку таниро ба ҳар навъе мегирад, вале то нисфи шаб барои савороне, ки аз субҳ то шом бо шиками гурусна асп давондаанд, ҳелу ҳамсояву шиносу қадрдон зиёфат оростан кори осон нест. Ҳамин хел гап ҳам ҳаст, ки гӯшти танӣ фақат барои човандоз мардум ҳалол аст. Аммо аз куҷо? Одамон парво доранд. Омадан мегиранд ба хонаи човандоз.
Назарбегим агарчӣ дар кору бори хона ва меҳмон гузаронидан хеле чолок аст, вале ҳоло ки дасту пояш вазнин аст ва дар рӯи ҳавлии яхбаста гаштугузор намудан барояш хавфнок аст. Лекин шавҳараш аз куҷо инро фикр мекунад. Ӯ аспдавониашро медонаду аз надодани номашро. Аспи чорнаъли ӯ аз ҳар пуштаву камарро сари дав мегузарад. Дилаш пур аст, барои ҳамин ин дафъа ҳам почаи бузро гирифта аз таги пой гузаронд. Талош барои соҳиб шудан ба танӣ сар шуд, ҳар як гурӯҳ мехост, то онро ба даст оварда, бегоҳ ба деҳаашон баргарданд ва то субҳ аз комёбиашон кафки даҳон паронанд. Аммо ин дафъа ҳам Гадоӣ аз тӯда пеш аз дигарон берун шуд. Ӯ сари аспро тарафи деҳаи худ гардонда, лаҷомро сар дод. Аспи рамузфаҳм ҳар қадар тавоне дошт, сӯи хонаи соҳибаш парвоз кард. Борҳо човандозон имкон доштанд, таниро аз дасти ӯ канда гиранд, аммо аз надонистани хамгашту пайраҳаҳо, ба ҳавлии Гадоӣ мебурд, пешпо хӯрда ба сар меафтиданд. Аспи Гадоӣ бошад ин роҳро ҳатто дар торикии шаб бе мамониат мепаймояд. Гадоӣ бо ҳамон суръат ба ҳавлӣ ворид шуда, таниро ба болои суфаи таги тут партофт. Саворон пушти хона омада бозистоданд. Ҳаври даҳону бинии аспони ҷавмаст атрофро пахш мекунад. Ӯ, ки аз ин дастовардаш қаноатманд буд, ҳамаро ба хона таклиф кард. Вале на ҳама саворон, ки муштоқи хӯрдани гӯшти барояшон лазизи танианд, имкон доранд, ки шабро дар хонаи ӯ рӯз кунанд. Зеро бояд ҳарчӣ зудтар ба хонаҳои худ, ки дар ҳар гӯшаву канори кӯҳистон воқеъ аст, баргарданд. Ҳамагӣ даҳ-дувоздаҳ савори ҳамдеҳа ва ёру дӯстонаш меҳмон шуданду халос. Аммо барои кайбону кам ё зиёд будан камтар фарқ дорад, чунки барои як нафар ҳам дег мемониву барои даҳ нафар ҳам.
Бори аввал нест, ки Назарбегим гӯшти таниро барои саворон мепазад. Дар ҳар дафъа ҳам пораеро ба даҳон набурдааст. Ин на барои он ки гӯштро саворон батамом нӯши ҷон мекунанду ба соҳибхона намерасад, балки ба он сабаб аст, ки хушдоманаш хӯрдани онро ба ӯ қатъиян манъ кардааст. Аммо аз чи бошад, ки ӯ сабабашро нагуфтааст. Назарбегим ҳам боре напурсидааст, ки чаро ҳаққи хӯрдани гӯшти таниро надорад. Аммо ин бор аз ҳисоби он ки шояд гадоишхӯр шуда буд чӣ ки дилаш кашиду дигар тоқат накарда, пинҳонӣ аз хушдоман як луқма аз он хӯрд.
Ин охирин ном гуфтани Гадоӣ дар бузу бозӣ ва охирин бор танӣ оварданаш буд. Замона дигар шуд. Ҳукумати шӯроҳо ба ин мулкҳо омад. То чанд муддат гуштигириву бузкашиҳо аз байн рафт. Молдору ҳолдорҳо таъқибу ба мулкҳои дур бадарға ва аксарашон бе ному нишон шуданд.
Тифлро Талаб ном гузоштанд. Талаб бо гузашти солҳо ба камол расид. Мисли падар неруманд шуд. Назарбегими рамузгир, ки баъди хӯрдани порае аз гӯшти танӣ сирри онро аз хушдоманаш бо сад ширинзабонӣ фаҳмида буд, ҳамеша Талабро назорат мекард. Хушбахтона, ӯ ҳеч нокомие дар рӯзгораш намедид. Бо вуҷуди ин гӯшти баданаш доимо дар ларза буд, ки мабодо бадбахтие ба сари писари ба мурод талабидааш наояд.
Талаби зираку боҳушу босаводро дар ҷавони ба сафи ҳизби коммунист қабул карданд. Аз ҷавонони пешқадами ҷамъият буд. Ӯ пас оиладор шудан зиндагии хуб надид. Ҳамсараш бо ҳар баҳона муҳити хонаро ноором мекард. Зиндагӣ торафт талх мешуд. Талаб аз субҳ то шом дар кори давлат буд, хотираш ҳамеша ошуфта буд. Рӯзе ҳамсараш сари қаҳр билети ҳизбии ӯро пора кард. Билете, ки на ба ҳар кас бовар мекарданд ва Талаб ба осонӣ ба он сазовор нагардида буд. Ӯ ин ҳодисаро пинҳон дошт. Аммо вақти аз нав сабти ном кардан иқрор шуд, ки билетро касе пора кардааст. На гуноҳи ҳамсарашро иқрор шуда метавонист, на гуфта метавонист, ки худаш нафаҳмида байни коғазҳои нолозим онро пора кардааст. Ин ҳолат дигар пурсупос надошт. Талабро зуд ба ҳабс гирифтанд. Рӯзи дароз баёнотгириву шиканҷа буд. Аммо Талаб аз гуфтаи аввалааш нагашт. Нахост ҳамсарашро ба ҷавобгарӣ кашида, ҳамчун мухолифи сиёсати давлати шуравӣ ҷазо диҳанд. Шунидани ба маҳбас кашидани Талаб барои модараш даҳшат буд, вале ӯ намедонист, ки ба кадом сабаб писарашро ҷавобгар кардаанд. Пас аз он, ки фаҳмид, ки умеди озодии писараш нест ва ӯро шиканҷаи зиёд мекунанд, худро шабурӯз маломат мекард ва гуфтаҳои хушдоманаш, ки зани дар қадаш кӯдакдошта набояд аз гӯшти танӣ бихӯрад, ки бачаашро дар зиндагӣ мисли танӣ кашокаши зиёд мекунанд, пеши рӯяш меомад.
Бо саршавии ҷанги гирмон Талабро озод карда, рост ба ҷабҳа фиристоданд. Назарбегим то охири ҷанг умед дошт, ки Талаб саломат бармегардад. Аммо ба ҷуз хати сиёҳ аз ӯ дигар хату хабари дигар нашуд.
Назарбегим то рӯзе, ки буд худро набахшид.
Ҷумъахон САЙИДАЛӢ.
18.01.2025.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1