AЛАЙҲИССАЛОМ!
1. Мардумро бо лақаб садо накунед.
2. Рӯзона аз Худо маъзаратхоҳӣ кунед.
3. Худоро ҳамеша нозири худ бубинед.
4. Лаззати гуноҳро фонӣ ва ранҷи онро тӯлонӣ бидонед.
5. Бидуни таҳқиқ қазоват накунед.
6. Иҷоза надиҳед назди шумо аз касе ғайбат шавад.
7. Садақа диҳед, чашм ба ҷайби мардум накунед.
8. Шуҷоъ бошед, марг як бор ба суроғатон меояд.
9. Саъй кунед баъд аз худ номи нек ба ҷой бигузоред.
10. Динро зиёд сахт нагиред.
11. Бо уламо ва донишмандони боамал иртибот барқарор кунед.
12. Интиқодпазир бошед.
13. Маккору ҳиллагар набошед.
14. Ҳомии мустазаъфон бошед.
15. Агар медонед, касе ба шумо вом намедиҳад, аз ӯ тақозо накунед.
16. Некӯкор бимиред.
17. Худро намояндаи Худо дар умури дин бидонед.
18. Фаҳҳош набошед.
19. Бештар аз тоқати худ ибодат накунед.
20. Раҳмдил бошед.
21. Гиря накардан аз сахтии дил аст.
22. Сахтии дил аз гуноҳи зиёд аст.
23. Гуноҳи зиёд аз орзуҳои зиёд аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
субҳи ҳамаги ба хайр...
Бисёр ҷумлаҳои зебо ва пандомуз