Аз ғарқ шудани киштӣ танҳо як нафар зинда монд. Мавҷҳои Уммон ӯро ба як ҷазираи беодам бурд. Вай ларзон - ларзон аз Худо илтиҷо кард, ки ӯро наҷот диҳад.
Мард ҳар рӯз ба умеди дидани чизе ба уфуқ дуру дароз менигарист. Ниҳоят аз ин кор дилгир шуд. Аз шохаҳои гуногун паноҳгоҳе сохт, то худро аз шабонарӯз ва даррандаҳо муҳофизат кунад. Рӯзҳо мегузаштанд. Як бегоҳ ӯ дар ҷустуҷӯи ғизо рафта буд. Хӯрок ёфту хаста баргашт. Вақте ки омад, хонааш сӯхта, ба як тӯдаи хокистар табдил ёфтааст. Дар ин сурат дилаш пур аз ғазаб шуд ва дод зад.
Пагоҳии рӯзи дигар ӯро садои ба соҳил наздик омадани киштӣ бедор кард. Кишти барои наҷот додани ӯ ба ин ҷо омада буд.
— Шумо аз куҷо донистед, ки ман дар ин ҷо ҳастам?, - вай бо тааҷҷуб аз наҷотдиҳандагон пурсид.
— Дишаб оташ афрӯхтӣ - ку!, - гуфтанд, онҳое, ки дар киштӣ буданд....(?)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев