________
Ҷавоне як мошини зебо ҳамчун тӯҳфа аз бародараш дарёфт карда буд.
Рӯзе ҷавон аз мағоза берун шуд ва назди мошини наву пурҷилои худ писракаеро дид, ки ба мошин нигоҳ мекард ва онро васф менамуд.
Вақте ҷавон наздик шуд, писарак аз ӯ пурсид:
"Ин мошини шумост?"
Ҷавон сарашро ба ишораи таъйид такон дод ва гуфт:
"Бародарам тӯҳфа карда буд."
Писарак каме тааҷҷуб кард ва пурсид:
"Яъне бародаратон ин мошинро бидуни он ки пуле ба ӯ диҳед, тақдим намуд? Эй кош..."
Албатта ҷавон эҳсос карда буд, ки писарак чи орзуе дар дил гузаронид. Фикр кард, писарак ҳам мехоҳад чунин бародаре дошта бошад,ки ба вай тӯҳфаҳо диҳад.
Аммо он чӣ писарак гуфт, ҷавонро моту мутаҳайир кард.
Писарак гуфт:
"Эй кош, ман ҳам чунин бародаре бошам... "
Ҷавон бо ҳайрат ба писарак нигоҳ карду бо худ гуфт:
"Чӣ дили бузурге дорад!!
Бахшанда будан ва ҳадя доданро афзалтар аз ҳадя қабул кардан медонад...."
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев