Ривоят кардаанд аз Абдуллоҳи Муборак, раҳимаҳУллоҳ ъалайҳ, ки мегӯяд вақте ба ҳаҷ мерафтам, чун ба Куфа расидам, дар шаҳр шудам, занеро дидам дар вайронае нишаста, гуфтам: Аз ҳоли ӯ воқиф шавам, дидам, гӯсфанде худмурда ва он зан аз даме гӯшт аз вай бозмегирифту дар бағал мениҳод. Гуфтам: Эй зан, ин мурдор аст. Гуфт: Бар ман ҳалол аст. Гуфтам: чӣ гуна аст? Гуфт: Зане ҳошимиаму се духтар дорам, имрӯз ҳашт рӯз аст, ки ману эшон ҳеҷ таом нахӯрдаем. Гуфтам: Шояд дурӯғ гӯӣ? Гуфт: Биё, то бубинӣ! Аз пайи ӯ бирафтам, то ба хонаи ӯ расидам, то духтареро дидам: биёмаду дари хона бикушод ва назар кардам, бараҳна буду кӯҳнапорае бар аврати худ баста. Чун чунон дидам, рӯй аз ӯ бигардонидаму гуфтам: Ло ҳавла ва ло қуввата илло бИллоҳил ъалиййил ъазӣм. Зану духтар донистанд, ки ман ҳоли дарвешии эшонро донистам, зан гуфт: Ё шайх, агар ту духтаронро бинӣ, батар аз инанд.
Шайх гуфт: Маро раҳм омад чиҳил динор зар доштам барои тӯшаи ҳаҷ бад-эшон додам, шод шуданд, гуфтанд: Худо аз ту бипазирод ва туро музд диҳод! Ва аз он ҷо бозгаштам. Қофила кори роҳ сохта буданд. Ман эшонро гуфтам: Ман ба Хуросон меравам. Эшон ҷаҳди бисёр карданд, суд надошт ва аз ин ҳол (яъне ҳоли зану духтаронаш) бо эшон ҳеҷ нагуфтаму аён накардам ва эшонро видоъ кардам ва ба шаҳри Куфа омадаму он ҷо мақом кардам, то қофила бозомад. Пеши эшон боз шудам. Ҳоҷиён гуфтанд: Аз мо чӣ дидӣ, ки бо мо ҳамроҳӣ накардӣ, пеш аз мо бирафтиву ҳаҷ гузоридӣ ва пеш аз мо ба Куфа омадӣ? Гуфтам: Ба Худо, ки ман имсол ба ҳаҷ нарафтам. Гуфтанд: Чун марди шайхӣ, чаро дурӯғ гӯӣ: мо туро дар тавофи Каъба дидем ва дар Сафову Марва дидем ва бар сари турбати Мустафо, ъалайҳиссалом, дидем. Ман хомӯш шудам. Ногаҳ нидое омад, ки: Ё қавм, Абдуллоҳро дурӯғзан медоред, рост мегӯяд, имсол ба ҳаҷ нарафтааст, валекин бо Худойи таъоло бозаргонӣ кардааст ва суд бисёр кардааст: тӯшаи роҳи ҳаҷҷи худро ба аврати бечорае додааст, Ҳақ, таъоло ба сурати Абдуллоҳи Муборак фариштае офаридааст, то ҳар сол аладдавом барои ӯ ҳаҷ мегузорад то рӯзи қиёмат!
ФАЙЗИ ҒЕЛОН...(.Рузибойи Қурбониён )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Таҳиягарро ҳам дар таги ривоят овардаам.......