Аз гул пурсиданд:
- Эй гул, чаро ин қадар зебоӣ? Ин ҳама латофат аз куҷост?
Хандида гуфт:
- Зебоии ман заррае аз чеҳраи зебои модар аст.
Офтобро пурсиданд:
- Оё аз ту гармтаре ҳаст?
Гуфт:
- Гармтарини гармиҳо дили модар аст.
Аз кӯҳ пурсиданд:
- Ин ҳама устувориро аз кӣ омӯхтӣ?
Гуфт:
- Аз матонати модар.
Абрро пурсиданд:
- Чаро гирёнӣ? Ин ҳама борон аз чист?
Гуфт:
- Ин ҳамон қатраҳои ашки модар аст, ки гоҳ аз шодиву гоҳ аз ғам аз чашмонаш мешоранд.
Аз дарё пурсиданд:
- Чаро ту бузургӣ? Поёни ту куҷост?
Гуфт:
- Ман аз чашмаи меҳру муҳаббати модар об мегирам, ки он бепоён аст. Ва бузургии ман низ қисмате аз бузургии ӯст...
Пас, бояд қадри ин олиҳаи зиндагиро донист.
Модарон дунёи мо,
ҳастии мо,
сари болою
ҳаёти волои мо ҳастанд.
ХУДО НИГАҲБОНИ ШУМО!
ХИРАД
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев