Ба гузориши манобеи хабарӣ, донишгоҳҳои ҷаҳон яке пас аз дигарӣ шоҳиди хезши донишҷӯёни бедор алайҳи ҷиноятҳо ва ваҳшигариҳои режими саҳюнистӣ дар ҳаққи фаластиниён ба вижа дар Навори Ғазза аст.
Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки ин бор Донишгоҳи Гавана шоҳиди таҷаммӯъи эътирозии зидди саҳюнистии донишҷӯён будааст.
Бар асоси гузоришҳои расида гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи Гаванаи Куба бо баргузории таҷаммӯъи эътирозӣ алайҳи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғаззаро маҳкум карданд.
Ҳамчунин донишҷӯёни Донишгоҳи Гаванаи Куба дар ин таҷаммӯъи эътирозии зидди саҳюнистӣ, парчами Фаластинро дар канори парчами кишвари худ ба эҳтизоз дароварданд.
Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз донишгоҳҳои ҷаҳон аз ҷумла донишгоҳҳои Амрико, Канада ва Фаронса шоҳиди баргузории таҷаммӯъҳо ва таҳассунҳои мушобеҳ дар ҳимоят аз Фаластиниён ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи сокинони Навори Ғазза будааст. https://tajikpress.com/2024/05/04/%d0%bd%d1%8e-%d0%b9%d0%be%d1%80%d0%ba-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев