Бузургтарин сарвати давлат - ин фарзандони ватандӯсту ватанпарвар, боистеъдод, бофарҳанг аст. Ингуна фарзандон қодиранд кишварамонро ба сатҳи баланди тараққиёти ҷаҳонӣ расонида, садоқат ба ватан, хидмат ба мардум мекунанд.
Тоҷикистон ватани инсонҳои бузург аст. Ин ватанро бо номи фарзандони фарзонааш мешиносанд.
Абдуқодир Муҳиддинов (1892-1934),
Саидаҳмад Анваров (1894-1938),
Аббос Алиев (1899 -1958),
Қосим Дайламӣ, Муъмин Хоҷаев (1897 -1943),
Ниссор Муҳаммадов (1897- 1938) аз зумраи чунин шахсоне мебошанд, ки дар солҳои 1924-1929 дар ташкил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Онҳо аз ҳеҷ мушкилӣ натарсида, барои амалӣ кардани орзуи миллати худ далерона мубориза бурдаанд. Ин қаҳрамонони миллат дар давраҳои вазнини таъсисёбии мамлакат барои ободии Тоҷикистон ҷони худро дареғ надоштаанд. Онҳо дар таъсис додани корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои оҳан, нақлиёт, муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо, вазоратхонаҳо ва дигар боргоҳҳои маърифатӣ хидмати бузург намудаанд. Имрӯз ба мо - ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ ватани ободро мерос гузоштаанд.
Барои зинда гардонидани номи ин гуна шахсиятҳо аз ҷониби сиёсатшиносон ва таърихшиносони ҷумҳурӣ бояд атрофи корнамоии қаҳрамонони миллат пажуҳишҳои калони илмӣ анҷом дода шавад. Инчунин, ба хотири зинда гардонидани номи неки онҳо лоақал хиёбоне, кӯчае ё мактабе дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бояд ба исмашон номгузорӣ карда шавад. Касе, ки барои халқу Ватани азизаш ҷонфидоӣ намудааст, новобаста ба гузашти айём, ҳамеша бо номи нек ёдоварӣ карда мешавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев