(Ҷудо аз асли худ мирад, касе маро ҷудо мекунад), Посух ба тамоми бародарситезгарон.
То ба кай ҷудо мекунем, вилояти Суғдро аз (Горные Таджики) Тоҷикҳои Кӯҳӣ!? Ҳастанд ҳамин гуна афродҳое ки дар мусоҳибаҳо махсусан чангакро болои мардуми мазлуми вилояти Суғд мепартояд бо виқор худро Тоҷикони Кӯҳӣ мешуморанд, аммо дар асл ду калима ба забони адабӣ тоҷикӣ навиштан наметавонанд. Шумо аввал худатонро ислоҳ кунед, як худшиносӣ ва таъриху фарҳанги тоҷикиро ёд бигиред, онгаҳ ҳар эроде мегиред қобили қабул аст. Фикрони хулосабандиятон тамоми Тоҷикона нест, ба лиҳози дигар шумо нусхаҳои (копияи) русҳо ҳастед, ки ҳатто гуфторатон, рафторатон ва кирдоратон мисли ҳамонҳо ҳаст, ва ҳамчунин мисли ҳамонҳо мантиқан менависед, ин хитоб ба тамоми тоҷикони дохилӣ ва берунӣ ҳаст, ки дур аз фарҳанги худ ҳастанд, бар замъи ин боз маҳаллагароӣ мекунанд.
Аз далелу факт агар бигирем, тамоми ҷуғрофияи Тоҷикистон яъне 93% Кӯҳистон аст, ҳатто Суғду Душанбе ҳам, ҳамаи мо фарзанди Кӯҳҳои баландем, ба мо пастигарӣ намезебад бародар ин суханҳои худ шоири фарзанди Суғдзамин аст. (Лоиқ Шералӣ).
Барои ҳамин Суғдиҳо ҳам, Хатлониҳо ҳам, Помириҳо ҳама мо ҳама (Горные Таджики) Тоҷикони Кӯҳистонӣ ҳастем, айб аст, шарм кунед. Чашмонатонро чор тараф кушода бигаред, дар кадом муҳит зиндагӣ дорем. Ба мо сарҷамъи якҷоягӣ ва дасти ҳамдигарро гирифтан зарур аст, на ҷудо кардан.
Аз ин пас ҳар куҷое агар дидед чунин ҳаннотҳоро ҳамакаса аз як геребон сарбароварда муқобилаш истодагарӣ хоҳем кард.
Панҷ панҷа якҷо шавад, мушти сангин бар сари Тоҷикситез шавад. Якҷо шавем, мушти мустаҳкам шавем, нагузорем то моро ҷудо кунанд.
Илова бар ин маънои суханҳои Репхони ҷавони тоҷикро Шон Мс_ро дарак кунед ва аз рӯйи тарозу_и ақли солим баркашед ба куҷо равему чи кор дорем !!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2