Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ Калила ва Димнаро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт бокист. Баъди ин Синдбодномаро менависад. Соли 933 қасидаи Модари майро дар чанд рӯз мегӯяд, ки он дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст. Соҳиби девони бузург будани Рӯдакӣ аниқ аст. Девони маҷмӯаи ашъори лирикии ин ё он шоир аст, ки мувофиқи жанрҳо ҷобаҷо карда мешавад. Калила ва Димна ва Синдбодномаро боз 5 маснавии дигар доштааст. Ҳамаи ин нишон медихад, ки Рӯдакӣ бе ҳеҷ шакку шубҳа аз шоирони пурмаҳсул будааст. Аз ин ҷиҳат Муҳаммад Авфӣ ашъори ӯро сад дафтар, яъне сад ҷилд мегӯяд. Шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ сездаҳ рах сад ҳазор байт будани шеъри Рудакиро хабар медихад:
Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах сад ҳазор,
Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.
Шоири дигари асри XI Асадии Тусӣ, ки бо Рудакӣ қарибулахд ва аз донишмандони забардасти эҷодиёти ӯ буд, яксаду ҳаштод ҳазор байт гуфтани Рудакиро таъкид мекунад, ки ин хабар беш аз хама ба ҳақиқат наздик аст:
Шоир чу гузин Рудакӣ он к-аш бувад абёт
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.
Аз ин осори беандоза бузурги устод Рӯдакӣ акнун дар ҳудуди ҳазор байт боқӣ мондаасту бас. Вале ҳамин миқдори ками дурдонаҳои ӯ низ нубуғи шоирӣ ва қудрати офаридагори устодро намоиш медихад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев