3.
Чибриил (ъ) гуфт: Ей Паёмбар (с)
фитратро ихтиёр намуди. Яъне
рохи хакки Исломро. Мисли ин ки
Паёмбар (с) аз дурихои дур, аз
равзани нубувват нигох карду
донист, ки ба зуди нушидани хамр
бар уммати ман харом мешавад..
Баъд аз он Чибриил (ъ) Паёмбар
(с)-ро бе бурок ба кудрати
Худованд ба суи осмон боло бурд.
Чун ба осмони якум расиданд.
Чибриил (ъ) ичозати даромадани
осмони якумро намуд.нидое омад,
ки ту кисти? Гуфт: Чибриил. Боз
нидое омад, ки хамрохат кист?
Гуфт: Мухаммад (с). Боз нидое
омад, ки оё туро барои у (с)
фиристода буданд? Гуфт: Оре.
Сипас дари осмони якум кушода
шуд, Чибриил (ъ) хамрохи Паёмбар
(с) дохили осмони якум шуданд.
Дар он чо Паёмбар (с) Одам (ъ)-ро
дид. Бо у салом гуфт ва у низ
чавоби салом гардонид. Одам (ъ)
дар хакки Паёмбар (с) дуои хайр
намуд.
Сипас Чибриил (ъ) хамрохи
Паёмбар (с) ба суи осмони дуюм
баромаданд. Чун ба осмони дуюм
расиданд, Чибриил (ъ) талаби
даромадани осмони дуюм намуд.
Мунодие пурсид, ки кисти?
Чибриил гуфт: Чибриил хамрохи
Мухаммад (с). Боз пурсид, ки оё
туро барои овардани Паёмбар (с)
фиристода буданд? Чибриил (ъ)
гуфт: Оре. Сипас ба онхо ичозат
дода шуд ва дохили осмони дуюм
шуданд.
Паёмбар (с) мегуяд: Дар осмони
дуюм писархолахо Яхё (ъ) ва Исо
(ъ)-ро дидам. Ба онхо салом
гуфтам ва чавоби саломи маро
доданду дар хакки ман дуои хайр
намуданд.
Сипас Чибриил (ъ) хамрохи
Паёмбар (с) ба суи осмони сеюм
рафтанд. Чибриил боз талаби
дохил шудани осмони сеюм намуд.
Боз мунодие пурсид, ки кист?
Чибриил (ъ) гуфт: Ман Чибриил
хамрохи Мухаммад (с) мебошам.
Мунодие пурсид, ки оё туро барои
овардани Паёмбар (с) фиристода
буданд? Чибриил (ъ) гуфт: Оре.
Сипас дари осмони сеюм кушода
шуду Чибриил (ъ) хамрохи Паёмбар
(с) дохили он шуданд. Паёмбар (с)
мегуяд: Дар осмони сеюм Юсуф
(ъ)-ро дидам, ки ба у нисфи зебои
дода шуда буд. Ба Юсуф салом
намудам, у низ чавоби саломи
маро доду дар хакки ман дуои
хайр намуд.
Сипас Чибриил хамрохи Паёмбар
(с) ба суи осмони чорум рафт.
Чибриил (ъ) талаби дохил шудан
осмони чорум намуд. Мунодие
пурсид, ки кист? Чибриил (ъ) гуфт:
Чибриил хамрохи Мухаммад (с).
Муноди пурсид. Оё туро барои
овардан Паёмбар (с) фиристода
буданд? Чибриил гуфт: Оре. Сипас
дари осмони чорум кушода шуду
Чибриил (ъ) хамрохи Паёмбар (с)
дохили он шуданд. Паёмбар (с)
мегуяд: Дар осмони чорум Идрис
(ъ)-ро дидам. Ба Идрис (ъ) салом
гуфтам ва у чавоби саломи маро
доду дар хакки ман дуъои хайр
намуд.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев