Як марде дар як биёбони зебое сайругашт
мекард ва аз манзараҳои зебо ҳаловат
мебурд. Ногоҳ як шере ба тарафи мард
ҳамла кард, мард аз тарс роҳи гурез
мекофт. Ногоҳ назараш ба як ғоре
меафтад, давида худро ба даруни ғор
мепартояд. Ва дар як ресмони даруни ғор
буда овезон мешавад. Дар даруни ғор
назараш ба поён меафтад мебинад, ки дар
поён як море ҳаст, дар ҳамин лаҳза муше
бо ресмон ба боло баромада ресмонро
мехояд. Мард аз тарс ба ҳар тараф назар
намуда чи кор карданашро намедонад.
Ногоҳ чашмонаш ба сурохие меафтад,
дасташро даруни сурохи медарорад. Дар
сурохи, занбури асал хона намуда
будааст, дасташро бароварда
ангуштонашро ба даҳонаш бурда мелесад,
аз ширинии асал тамоми