Давлатдории халқи тоҷик дар замони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав.

Анъанаи давлатдории тоҷикон таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад, ки онро таърихшиносон шартан ба се гурӯҳ замони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҷудо мекунанд.

Давлати Ҳахоманишиён (550 пеш аз милод).

Эъломияи Куруши Кабир соли 539 п.а. м.

"Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину ойинро, ки майл дорад баргузинад (интихоб кунад) ва дар ҳар ҷо ки хоҳад сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад.

Давлати Сомониён (874 - 999)
0 комментариев
0 классов
Ҳуқуқ ва ахлоқ.

Ахлоқ маҷмӯи қоида ва меъёрҳои рафтори одамон нисбат ба якдигар ва ҷамъият мебошад.

Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Бани одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.
0 комментариев
0 классов
Мафҳум, таркиб ва навъҳои шуури ҳуқуқӣ.

Шуури ҳуқуқӣ маҷмӯи тасаввуроте мебошад, ки муносибати инсонро бо ҳуқуқ ва зуҳуроти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ифода менамояд.

Таркиби шуури ҳуқуқӣ аз ду унсур - мафкураи ҳуқуқӣ ва психологияи ҳуқуқӣ.

Шуури ҳуқуқӣ ба се навъ ҷудо мешавад:

1) Шуури ҳуқуқии муқаррарӣ

2) Шуури ҳуқуқии касбӣ

3) Шуури ҳуқуқии илмию назариявӣ

Вобаста ба субъект шуури ҳуқуқӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад - инфиродӣ ва дастаҷамъӣ.

0 комментариев
0 классов
Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ.

Ҳуқуқвайронкунӣ кирдори гунахкорона ва зиддиҳуқуқии шахс мебошад, ки ба давлат, ҷамъият ва ё шахсони алоҳида зарар мерасонад.

Ҳуқуқвайронкунӣ ду намуд мешавад - ҷиноят ва кирдори ношоям.

Таҳти маҷбурияти давлатӣ иҷро намудани ӯҳдадориҳоро аз ҷониби ҳуқуқвайронкунандагон ҷавобгарии ҳуқуқӣ номида мешавад. 4 навъи ҷавобгарии ҳуқуқӣ вуҷуд дорад - гражданӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ.
0 комментариев
0 классов
Соҳаҳои ҳуқуқ.

Меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятии сифатан якхелаи танзим мекунанд, соҳаҳои ҳуқуқ номида мешавад. Ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ба соҳаҳои ҳуқуқ инҳо дохил мешаванд : Конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, гумрукӣ, молиявӣ, меҳнатӣ ва ғайраҳо.
0 комментариев
0 классов
Сарчашмаҳои ҳуқуқ.

Шакли зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқиро сарчашмаҳои ҳуқуқ меноманд. Ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқ санадҳои қонунӣ ва зерқонунӣ баромад мекунад.

Қонун санади меъёри ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраргардида аз тарафи мақомоти қонунбарор ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул мегардад, муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Дар байни қонунҳо Конститутсия ҷои аввалро ишғол мекунад.

Конститутсия калимаи лотинӣ буда, маънояш сохт, муқаррар кардан мебошад.

Конститутсияҳои аввалин дар ҷаҳон Конститутсияҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) - 1787 ва Фаронса - 1791.

Тоҷикистон 5 маротиба Конститутсия қабул кардааст :

28 апрели соли 1929
0 комментариев
0 классов
Меъёрҳои ҳуқуқӣ

Меъёрҳои ҳуқуқӣ се намуд мешаванд:

Ваколатдоркунанда. Ба субъекти ҳуқуқ барои содир намудани амали муайяни мусбӣ ваколат медиҳад.

Ӯҳдадоркунанда. Субъекти ҳуқуқро вазифадор мекунад, ки амали муайянеро иҷро кунад.

Манъкунанда. Ба субъекти ҳуқуқ содир намудани амали муайянеро манъ мекунад.
0 комментариев
0 классов
Фильтр
загрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Левая колонка
О группе
Гурӯҳ барои касоне, ки аз ин фан олимпиада мераванд ё дар факултаҳои ҳуқуқӣ таҳсил мекунанд, инчунин шахсоне ки мехоҳанд дониши ҳуқуқиашон баланд гардад.
Хуш омадед! ба гурӯҳ, ин гурӯҳ баҳри шумост ҳамватанони азиз!
- Курган-Тюбе
Показать еще
Скрыть информацию